Январ 13, 2024 11:19 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 10 фаластинӣ дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ҷануби Ғазза

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ атрофи маҳалли искони оворагони фаластиниро дар шарқи гузаргоҳи Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғазза бомбаборон карданд, ки камаш 10 фаластинӣ аз ҷумла чанд кӯдак шаҳид ва шуморе ҳам захмӣ шуданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи шабакаи телевизионии "Алмаёдин", неруҳои муқовимати Фаластин низ ба шаҳраки "Адора" наздики шаҳри "Алхалил", ҷануби Каронаи бохтарӣ, бо неруҳои артиши ишғолгари режими саҳюнистӣ даргир шуданд.

 Артиши режими саҳюнистӣ аз шаҳракнишинони "Адора" хост дар хонаҳояшон бимонанд ва ба ҳеҷ унвон аз манзилҳои худ хориҷ нашаванд.

Манбаъҳои исроилӣ аз маҷрӯҳ шудани як шаҳракнишин ва як низомии артиш дар ҳамлаи неруҳои муқовимат ба ин шаҳрак хабар доданд ва неруҳои имдодии Исроил билофосила ба маҳал сафарбар шуданд.

 Дар ҳамин ҳол артиши режими саҳюнистӣ дар баёнияе эълом кард, ки 3 нафар аз фаластинёне, ки ба шаҳраки "Адора" нуфуз карда буданд, дар даргирӣ бо низомиёни исроилӣ кушта шуданд.

 Хабари дигар инки, пойгоҳи хабарии ибризабони "Оулла" фош кард, ки артиши режими саҳюнистӣ маъюб шудани 4 ҳазор низомии худ дар ҷанги Ғаззаро таъйид карда ва баровардҳо нишон медиҳад, ки маҷмӯъ низомиёне, ки дар ин ҷанг захмӣ шуданд, ба 30 ҳазор нафар мерасад.

 Ин пойгоҳи хабарӣ ҳамчунин эълом кард, фармондеҳони гурдони 8226 ва гурдони 363 артиши режими саҳюнистӣ дар набард бо муқовимат дар борикаи Ғазза захмӣ шуданд.

 

Барчасп