Январ 14, 2024 18:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши низомии артиши Яман
    Баргузории размоиши низомии артиши Яман

Размоиши низомии артиши Яман бо унвон "Барои набарди мавъуд ва ҷиҳоди муқаддас" баргузор шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмасира ягонҳои ширкаткунанда дар размоиши артиши Яман маъмуриятҳои таъиншударо бо тавоноӣ ва иқтидор дар чорчӯби амалиёти муҳаввал ба онҳо иҷро карданд.

Размоиши артиши яманӣ дар ҳоли баргузор шуд,ки фармондеҳии неруӣ ҳавоии артиши амрикоӣ бомдоди рузи гузашта ба вақти маҳаллӣ бо партоби 100 мӯшаки ҳидояти шаванда ба беш аз 60 ҳадаф дар 16 мақари неруҳои артиши миллии Яман ҳамла кард .

Ҳамалоти Амрико ва  Британия бо вокуниш ва  эътирози кишварҳои мухталиф аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Чин ва  Ироқ мувоҷҷеҳ шуд ва бархе аъзои Конгресси Амрико ҳам зимни эътироз ба ҳамла бидуни муҷаввизи Кохи Сафед ба Яман , дар бораи табаъоти ин иқдом ҳушдор доданд .

Артиши миллии Яман дар посӯх ба таҷовузи ҳавоии Амрико ва  Инглис ба ин кишвар, ،як ҳадафи мутаъаллиқ ба Амрико дар дарёӣ Сурхро ҳадаф қарор дод .

 Дар пайи ин таҳаввулот « Ҳонс Грондберг  » фиристодаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри Яман бо ибрози нигаронӣ дар бораи таҳаввулоти ахири Яман, хештандории ҳамаи тарафҳо ва  тарҷеҳи гузинаҳои низомӣ бар дипламотик ва дар авлавияти қарор додани коҳиши танишро хостор шуд .

Грондберг бар лузуми ҳифозат аз ғайринизомиёни яманӣ ва  ҳифозат аз пешрафтҳои ба даст омада дар ростои Сулҳ аз замони оташбас дар апрели 2022 , аз саргирии раванди сиёсии фарогир таҳти назорати Созмони Милал ва расидагӣ ба авлавиятҳои калидӣ ба нафъи мардуми Яман ,таъкид кард .

Антонио Гутерриш  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳам ҳамлаи низомии Амрико ва  Инглис ба Яманро маҳкӯм накард ва фақат аз ҳамаи тарафҳои даргир дар минтақа хост аз ташдиди таниш худдорӣ кунанд .

Артиши Яман тайи ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар Борикаи Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёӣ Сурх ва  тангаи Боб ал-Мандаб ҳадаф қарор дод ва мутаъаҳҳид шуд то замоне, ки режими Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад ,ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёӣ Сурх идома хоҳад дод .

Барчасп