Январ 17, 2024 16:11 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди артиши Яман бар ҳаққи дифои қонунӣ аз Фаластин

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман бори дигар таъкид кард, ки ин кишвар ҳамчунон бар мамониат аз дарёнавардии режими ҷаълии Исроил ё киштиҳои муртабит бо ин режими ишғолгар дар дарёи Сурх ва тангаи Бобулмандаб то замони таваққуфи ҷанги золимона зидди борикаи Ғазза исрор дорад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт: Неруи дарёии Яман киштии "ZOGRAFIA” -ро ки ба сӯи банодири Фаластини ишғолӣ дар ҳаракат буд, ҳадаф қарор дод.

Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман

Яҳё Сареъ бо баёни ин ки киштии "ZOGRAFIA” замоне ҳадаф қарор гирифт, ки ба ҳушдорҳои Неруи дарёии Яман тавваҷуҳ накард ва ҳатто бо шилликҳои ҳушдор мутаваққиф нашуд, афзуд: Ҳамла ба ин киштӣ бо мушак анҷом шуд ва мушакҳо ба ҳадаф исобат карданд.

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман гуфт, иқдомоти дифоӣ ва ҳуҷумии артиши Яман дар чорчӯби ҳаққи дифои қонунӣ ва ҳамроҳии амалӣ бо Фаластин сурат мегирад.

 

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман афзуд, ҷилавгирӣ аз ҳамлу нақли дарёии режими Исроил ва ҳаракати киштиҳои муртабит бо он дар дарёи Сурх ва тангаи Бобулмандаб то поёни таҷовузу рафъи муҳосираи борикаи Ғазза идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Созмони тиҷорати дарёии Британия вуқуи ҳодиса дар 100 мойлии дарёӣ дар шимоли ғарби “As – Salif” - ро тайид кард.

Ширкати амнияти дарёнавардии Британия низ эълом кард, киштии "ZOGRAFIA” дар фосилаи 76 мойлии дарёии шимоли ғарбии “Ассалиф” дар Яман мавриди исобат қарор гирифт. Киштии юнонӣ, ки аз сӯи артиши Яман ҳадаф қарор гирифт, аз Ветнам ба самти сарзаминҳои ишғолӣ дар ҳоли ҳаракат буд.

Амрико ва Британия бомдоди ҷумъаи гузашта дар пайи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ҳамла ба мавозеи Ансоруллоҳи Яманро оғоз карданд.

Ин ҳамалот пас аз он анҷом шуд, ки артиши Яман дар ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёи Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод.

Неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд то замоне, ки режими ҷаълии Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ин ҳамалот идома хоҳанд дошт.

 

Барчасп