Январ 18, 2024 09:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи дубораи Амрико ва Британия ба Яман
    Ҳамлаи дубораи Амрико ва Британия ба Яман

Манобеи огоҳ дар Яман эълом карданд, ки чанд шаҳру манотиқи мухталифи Яман ҳадафи ҳамалоти Амрико ва Британия қарор гирифтааст .

Шабакаи хабарии « Алмасираи » Яман бомдоди панҷшанбе гузориш дод, ки ҳамалоти ҳавоии Амрико ва  Британия ба вилоятҳои « Алҳадида » ، « Саъда » ، « Таъз » ، « Замар » ва « Албайзоъ » ҳамчунон идома дорад .

Собирин Нюз низ ба нақл аз як мақоми яманӣ гузориш дод, ки ҳамчунон ҳамалоти Амрико ва  Британия ба манотиқи ёдшуда идома дорад .

Амрико ва  Британия ҷумъаи гузашта дар пайи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ، ҳамла ба Яманро оғоз карданд .

Ҳамлаи мушакии Амрико ва  Британия ба шимолу ғарби Яман ин ҳамалот пас аз он анҷом шуд, ки артиши Яман дар ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар Навори Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёии Сурх ва  Тангаи Боб- ал-Мандаб ҳадаф қарор дод .

Неруҳои артиши Яман мутаъаҳҳид шудаанд то замоне, ки режими ҷаълии Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад ، ин ҳамалот идома хоҳанд дошт .

Бештар бихонед:

Барчасп