Январ 18, 2024 16:58 Asia/Dushanbe
  • 17 шаҳид дар паи ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби навори Ғазза

Ҳамлаи бомдоди панҷшанбеи режими саҳюнистӣ ба ҷануби навори Ғазза 17 шаҳид барҷой гузошт.

Манобеъи хабарӣ рӯзи сешанбе низ аз идомаи ҳамлаҳо ба манотиқи мухталифи Ғазза ва шаҳодати 27 нафар хабар дода буданд.

 Ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза дар ҳоле ба саду севумин рӯзи худ расида, ки ин режим дар сардаргумии маҳз куштори мардуми бедифоъи Ғаззаро идома дода, дар афкори умумӣ дар ҷаҳон манфӯртар шуда ва мавриди пайгард ва маҳкумияти кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.

 Вазорати беҳдошти Ғазза дар тозатарин омори худ эълом кард, ки шумори кулли шуҳадои навори Ғазза аз замони оғози ҳамлаҳои артиши режими Исроил дар ҳафтуми октябр 2023 ба 24 ҳазору 285 нафар ва шумори захмиҳо низ ба беш аз 61 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

 Идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза дар ҳоле аст, ки Ҳизби коргари ин режим чаҳоршанбешаб эълом кард, ки рӯзи душанбеи оянда тарҳеро барои истезоҳ ва пас гирифта шудани раъйи эътимод ба кабинаи Бинёмин Натанёҳу ироа медиҳад.

 Ин ҳизб эълом кард, ки иллати ин иқдом он аст, ки давлати Натанёҳу гаравгонҳои исроилиро дар авлавияти худ қарор надода ва танҳо ба манофеъи фосиди худ аҳамият медиҳад.

 

Барчасп