Январ 27, 2024 17:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи баллистикии артиши Яман ба нафткаши англисӣ-видео +акс

Ин нафткаши англисӣ ҳомили сӯхти ҷети ҷангӣ аз мабдаи Ҳинд буда ва бо таваҷҷуҳ ба маҳмӯлае, ки дошта, инҳидому ғарқ шудани он ҳатмӣ аст.

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва симо, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман дар тозатарин баёнияи худ бо ишора ба асли дифо аз миллати Фаластину посух ба таҷовузоти душмани амрикоӣ ва англисӣ аз ҳамлаи муваффақ ба нафткаши англисии “MARLIN LUANDA” дар Халиҷи Адан хабар дод.

Бар асоси ин баёния, ин нафткаши англисӣ бо мӯшаки зиддикиштӣ ҳадаф қарор гирифт, ки мунҷар ба оташ гирифтани он шудааст.

Ин нафткаши англисӣ ҳомили сӯхти ҷети ҷангӣ аз мабдаи Ҳинд буда ва бо таваҷҷуҳ ба маҳмӯлае, ки дошта, инҳидому ғарқ шудани он ҳатмӣ аст.

Мӯшак бо диққат ба махзани шумораи 5 исобат карда ва бовуҷӯди талоши Амрико ва Англия ба шакли сареъ дар ҳоли сӯхтан аст.

Ҳамлаи баллистикии артиши Яман ба нафткаши англисӣ

Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман гуфт, киштии англисӣ дар Халиҷи Адан ба таври мустақим ҳадаф қарор гирифту боиси оташсӯзӣ дар он шуд.

Вай афзуд, мо ба идомаи амалиёти худ алайҳи киштиҳои саҳюнистӣ ё муртабит бо ин режим, ки ба сӯи банодири Фаластини ишғолӣ ҳаракат мекунанд, таъкид мекунем ва ин ҳамалот то замони таваққуфи ҷанг алайҳи Навори Ғазза ва вуруди кумакҳо ба ин минтақа идома хоҳад ёфт.

Барчасп