Январ 29, 2024 14:19 Asia/Dushanbe
  • Таҳаррукоти режими саҳюнистӣ барои густариши ҷанг дар минтақаи Ғарби Осиё
    Таҳаррукоти режими саҳюнистӣ барои густариши ҷанг дар минтақаи Ғарби Осиё

Манобеи хабарӣ аз таҳаррукоти режими саҳюнистӣ барои густариши ҷанг дар минтақаи Ғарби Осиё хабар доданд.

Шабакаи телевизионии “LBC”-и Лубнон шанбешаб ба нақл аз манобеи огоҳ бидуни ишора ба номи кишвари арабӣ гузориш дод, ки ин кишвар ба мақомоти амниятии Ҷумбиши муқовимати Лубнон ҳушдор дода, ки режими Исроил дар ҳоли омода шудан барои ҳамла ба хоки Лубнон аст то авзои кишварро мултаҳиб кунад.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ низ гузориш доданд, ки ҳазорон сарбози типи Гулони, ки Ғаззаро тарк кардаанд, ба марзи шимолӣ бо Лубнон расиданд ва садҳо танк низ ба самти марзҳои Лубнон ҳаракат карданд.

Аммо суоли муҳим ин аст, ки чаро режими саҳюнистӣ моил ба густариши ҷанг дар сатҳи минтақаи Ғарби Осиё аст?

Як далели муҳим дар ин замина, ба навъи кабинаи ҳоким дар арозии ишғолӣ бозмегардад. Кабинаи кунунӣ ба раёсати Бенёмин Натанёҳу, муташаккил аз афроди ифротӣ, тундраву ҷангталаб аст. Итамар бен Гвир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ аз ҷумлаи ин афрод аст, ки ахиран дар мусоҳиба бо шабакаи 14 телевизиони Исроил, ҳамлаи артиши ин режим ба Ҳизбуллоҳи Лубнон ва истимрори ҷанг алайҳи навори Ғазза ва мутаваққиф нашудани онро хостор шуда буд.

Илова бар ин, Натанёҳу низ идомаи ҷангро ҳамсӯ бо манофеи шахсии худ медонад, зеро вай ба ин бовар расидааст, ки бо поёни ҷанги Ғазза, чандон дар пости нахуствазирии Исроил боқӣ нахоҳад монд. Далели дигар, марбут ба амалкарди Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги Ғазза аст.

Чанд рӯз пас аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза дар 7 октябр, Ҳизбуллоҳи Лубнон нахустин гуруҳи муқовимат буд, ки бо анҷоми ҳамалоте ба шимоли Фаластини ишғолӣ, расман ба амалиёти “Тӯфони Алақсо” пайваст.

 

Барчасп