Ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ва британяӣ ба Санъо
(last modified Sun, 04 Feb 2024 07:43:12 GMT )
Феврал 04, 2024 12:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ва британяӣ ба Санъо
    Ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ва британяӣ ба Санъо

Манобеи хабари бомдоди якшанбе аз ҳамалоти ҳавои Амрико ва Британя ба манотиқи дар Санъои пойтахти Яман хабар доданд.

Ба гузориши ИРНА, илова бар Санъо манотиқи дар устонҳои Ҳаҷа, Замор ва Албизо низ ҳадафи таҳоҷуми ҳавоӣ ва мушакии Амрико ва Британя қарор гирифтаанд.

Ҷангандаҳои амрикоӣ ва британяӣ ҳамчунин 11 бори минтақаи Албарҳ дар шаҳристони Мақбана ва шаҳристони Ҳайфа устони Таизро бомбаборон карданд.

Ҷузъиёти бештарӣ токунун дар ин бора гузориш нашуда аст.

Амрико ва Британя бомдоди 11 январ дар пайи қатъномаи шурои амнияти Созмони Милал ҳамла ба Яманро оғоз карданд.

Ин ҳамалот пас аз он анҷом шуд ки артиши Ямани тайи ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёии Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод.

Неруҳои артиши Ямани мутаъаҳид шудаанд то замоне ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёии Сурх идома хоҳанд дод.

Неруҳои артиши Яман таъкид кардаанд ки киштирони дар халиҷи Адан ва дарёи Сурх барои дигар киштиҳо озод аст ва онҳо аз амнияти комил бархурдор ҳастанд.