Интихоби Осиф Зардорӣ ба унвони раисиҷумҳури Покистон
(last modified Sat, 09 Mar 2024 15:26:41 GMT )
Март 09, 2024 20:26 Asia/Dushanbe
  • Интихоби Осиф Зардорӣ ба унвони раисиҷумҳури Покистон

Осиф Алӣ Зардорӣ, номзади муштараки ҷиноҳи эътилофии Покистон бо раъйи намояндагони маҷолиси Сена, миллӣ ва иёлатии ин кишвар ба унвони чаҳордаҳумин раиси Ҷумҳурии Покистон интихоб шуд.

Ба гузориши ИРНА, раъйгирӣ имрӯз (шанбе) дар маҷолиси Сена, миллӣ ва чаҳор маҷлиси иёлатии Балучистон,  Хайбар-Пахтунхо, Панҷоб ва Синд баргузор шуд.

Дар ин интихобот, Зардорӣ ба унвони намояндаи Маҷлиси миллӣ ва раҳбари Ҳизби мардум аз сӯи аҳзоби муттаҳиди давлат бо Маҳмудхон Ачакзай аз ҷиноҳи мухолиф, рақобат карданд ва Зардорӣ бо касби 255 раъй дар баробари 119 раъй ба пирӯзӣ расид.

Дар ҳамин ҳоли Ҳизби таҳрики инсофи Покистон вобаста ба Имрон Хон, нахуствазири пешини ин кишвар бо судӯри баёнияе зимни эътирози муҷаддад ба натоиҷи интихоботи ахири Покистон, муддаии ғайриқонуни будани раванди интихоби имрӯзи раисиҷумҳурӣ шуд.

Осиф Алӣ Зардорӣ, аввалин шахсияти сиёсӣ дар Покистон аст, ки барои дувуминбор тасаддии маснади раёсатҷумҳуриро ба муддати панҷ сол бар ӯҳда мегирад.