Бағдодӣ дар фикри таъйин кардани ҷойгузин аст
Як манбаи маҳаллӣ дар вилояти Найнавои Ироқ фош кард, ки Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ се нафарро ба унвони ҷойгузини худ дар сурати кушта шуданаш таъйин кардааст.
Ба гузориши шабакаи “ал-Олам”, ин манбаи маҳаллӣ ба шабакаи хабарии “Сумирия”-и Ироқ гуфтааст: "Фармондеҳони ДИИШ дар каронаи рости Мусил дар бораи таъйини се нафар ба унвони ҷонишини Бағдодӣ дар сурати кушта шудани ӯ суҳбат мекунанд, ки яке аз онҳо ироқӣ аст". Ин манбаъ таъкид кардааст, ки акнун суҳбат аз ҷонишини Бағдодӣ ошкор шуда ва ин мавзӯъ ба гӯши бисёре аз аҳолии Мусил низ расидааст. Ин манбаи огоҳ, ки хостааст, номаш фош нашавад, афзуд: «Акнун суҳбат аз таъйини ҷойгузинҳо барои Бағдодӣ ба нишонаи оғози марҳалаи ҷадид баъд аз Бағдодӣ аст. Махсусан, ки якбора нопадид шудани ӯ гумонҳоеро миёни фармондеҳон ва пайравони мусаллаҳи ин гурӯҳ ба вуҷуд оварда, рӯҳияи пайравони ДИИШ-ро дучори шикаст кардааст”.
Гуфтанист, Бағдодӣ охирин бор аз тариқи як файли савтӣ сеюми ноябри соли 2016 эъломи ҳузур кард. Ӯ дар ин файли савтӣ аз ҳаводоронаш хоста буд, ба Туркия ва Арабистон ҳамла кунанд.