« Рӯзҳои хуб хеле наздиканд » ; Таронаи се забонаи хонандаи эронӣ барои мардуми Фаластин
Апрел 09, 2024 11:51 Asia/Dushanbe
« Эҳсони Ёсин » хонандаи эронӣ дар намоҳангии се забона бо мардуми Фаластин ибрози ҳамдарӣ кард .
Эҳсони Ёсини хонандаи эронӣ ки бо ҳузур дар барномаи истеъдодёбии « Асри ҷадид » чеҳра шуд , намоҳангӣ се забона ( форсӣ - арабӣ - англисӣ ) бо унвон « Ҳабиби қалбӣ » барои дифо аз мардуми Фаластин хонд . Эҳсони Ёсин дар ин тарона , калимотро аз баёни дардҳои мардуми Фаластин оҷиз донист .Ёсин ҳамчунин бомбҳое, ки ишғолгарони саҳюнист бар сари мардум Фаластин мерезанд , ба борон ташбеҳ карду муқовимати мардуми Фаластинро ношӣ аз имони мардумии ин сарзамини торихӣ донист . Ин хонандаи эронӣ дар ин тарона , зимни ибрози ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин , навиди рӯзҳои хубу ояндаи равшанро ба онон дод .