Январ 07, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Вуруди кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Сурия

Нахустин бахши кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон ба бандари "Тартус"-и Сурия расид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон, ки шомили маводи ғизоӣ ва дору аст, рӯзи ҷумъа бо ҳузури Азамат Бердибой, сафири Қазоқистон дар Урдун вориди бандари "Тартус"-и Сурия шуд.

Сафири Қазоқистон дар Урдун гуфт, Остона аз иқдомоти ҷомеаи байналамилалӣ, Ҳукумати Сурия ва мухолифон барои поён додани ҷанг аз тариқи гуфтугӯ ҳимоят мекунад.

Бар асоси гузориши Маркази пажӯҳишҳои сиёсии Сурия, ки моҳи феврали соли 2016 мунташир шуд, ҳудуди 470 ҳазор нафар аз мардуми Сурия ба сурати мустақиму ғайримустақим дар ҷараёни нооромиҳои ин кишвар аз соли 2011 кушта ва ҳудуди 2 миллион нафар захмӣ шудааст. Дар давоми панҷ соли нооромиҳои Сурия миллионҳо нафар дар дохилу хориҷ аз ин кишвари ҷангзада овора шудаанд.

 

Барчасп