Оғози дувумин ҳамоиши байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Ироқ
(last modified Wed, 08 May 2024 12:45:39 GMT )
Май 08, 2024 17:45 Asia/Dushanbe
  • Оғози дувумин ҳамоиши байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Ироқ

Бо ҳузури намояндагони 9 кишвари исломӣ аз ҷумлаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дувумин ҳамоиши байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо унвони Тӯфон-ул-Ақсо ва дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин дар Бағдод оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо,аз Бағдод дар ҳамоиши байналмилалии Ваҳдати исломӣ, ки дар Бағдод оғоз ба кор кард, ҳуҷҷатулислом Ҳамиди Шаҳрёрӣ- дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби байнулмазоҳиб ба ҳамроҳи бисту панҷ тан аз уламои шиа ва аҳли суннат Эрон ба намояндагӣ аз Ҷумҳури исломӣ ҳузур доранд.

Шайх Иброҳими Закзоки-дабири кулли Ҷунбиши исломии Нигерия, шайх Аҳмад Бадруддин Ҳассон аз уламои барҷастаи Сурия, шайх Мӯсо Ойдин аз шахсиятҳои барҷастаи Туркия, аллома, шайх Ҳусайн Маътуқ аз уламои Кувейт, аллома ,мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом аз Афғонистон, аллома Мустафо Сибирич аз уламои Босни, Сайид Алӣ Фазлуллоҳ аз Лубнон ва даҳҳо тан аз уламои кишварҳои мухталифи арабӣ ва исломӣ ҳузур доранд.