Июн 19, 2024 18:23 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 9 ҳазор фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ

Бошгоҳи асирони фаластинӣ эълом кард, режими саҳюнистӣ аз оғози ҳамалоти дадманишона ба Борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 то кунун 9 ҳазору 280 фаластиниро дар Каронаи Бохтарӣ боздошт кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бошгоҳи асирони фаластинӣ тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ фақат дар рузи душанбе 90 фаластинӣ, аз ҷумла чанд зану кудакро дар Каронаи Бохтарӣ боздошт кардааст.

Ишғолгарони исроилӣ имруз (чаҳоршанбе) низ дастикам 35 фаластиниро дар Каронаи Бохтарӣ боздошт карданд.

Ҳамзамон бо ҷанги вайронгар дар Борикаи Ғазза, ки токунун даҳҳо ҳазор шаҳид бар ҷо гузоштааст, муборизону ҷавонони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ дар бахшҳои мухталифи ин минтақа, аз ҷумлаи Наблус, Ҷанин ва Ал Халил ба муқобила бо низомиёни режими саҳюнистӣ бархестаанду Каронаи бохтарӣ шоҳиди мавҷе аз танишҳо ва  даргириҳои майдонӣ, миёни фаластиниён ва низомиёни артиши режими Исроилу юриш ба маҳаллаҳо ва боздошти фаластиниён тавассути саҳюнистҳо аст.

Дар ҳамин иртибот, Комисориёи олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки боздоштҳои худсаронаи ҷамъӣ, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва мавориди шиканҷаи фаровоне гузориш шуда ва соири ашколи бадрафторӣ бо зиндониёни фаластиниро низ дар Каронаи Бохтарӣ сабт кардааст.

 

Барчасп