Июл 06, 2024 10:52 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоиҳои густурдаи яманиҳо дар ҳимоят аз мардуми Ғазза

Роҳпаймоии густурдаи мардуми Яман дар ҳимоят аз мардуми Ғазза дар устонҳои мухталифи ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Аламаёдин, мардуми Яман рӯзи ҷумъа дар ростои эъломи мухолифат бо ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва маҳкум кардани ҷиноёт ва кушторҳое, ки дар ҳаққи ғайринизомиён дар Фаластини ишғолӣ раво мебинад, дар устонҳои мухталифи ин кишвар аз ҷумла Саъда, Умрон, Об, Рима, Алзолъ ва Алҷуф ба хиёбонҳо омаданд.

  Яманиҳо бо дар даст доштани парчамҳои Яман ва Фаластин ва плакадҳое, ки рӯйи онҳо ибороте дар мухолифат бо сиёсатҳои Амрико навишта шуда буд, алайҳи ҷиноёт ва иқдомоти ваҳшиёнаи режими ишғолгари саҳюнистӣ дар Ғазза, ки дар муқобили дидагони ҷаҳониён анҷом мешавад, шиор сар доданд ва ҳамдастӣ ва ғафлати сарони кишварҳои арабӣ ба ин масъаларо маҳкум карданд.

 Тибқи ин гузориш тазоҳуркунандагон зимни ҳимоят аз амалиётҳои муқовимати исломии Лубнон ва Ироқ ва амалиётҳои муштарак неруҳои мусаллаҳи Яман бо муқовимати исломии Ироқ алайҳи душмани саҳюунистӣ, аз ҷунбиши донишҷӯӣ оғоз шуда дар донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо, ки бо сонсури расонаҳо ва иқдомоти саркӯбгарона ва муҳокимаҳои золимона рӯбарӯ аст, тақдир карданд.

  Яманиҳо аз замони оғози ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар ҳафтуми октябр 2023, борҳо бо барпоии роҳпаймоииҳои густурда зимни ибрози ҳамбастагии худ бо миллати Фаластин, тадовуми кушторҳо дар борикаи Ғаззаро маҳкум карда ва аз амалиётҳои неруҳои мусаллаҳи Яман ва ҷабҳаҳои пуштибони муқовимати Фаластин қадрдонӣ карданд.

 

Барчасп