Рушди як фаҳми арзишманд дар миёни исроилиҳо: Мо ба сарзамини Фаластин тааллуқ надорем
(last modified Mon, 08 Jul 2024 13:03:17 GMT )
Июл 08, 2024 18:03 Asia/Dushanbe
  • Рушди як фаҳми арзишманд дар миёни исроилиҳо: Мо ба сарзамини Фаластин тааллуқ надорем

Порс тудей - Як таҳлилгари саҳюнист изъон кард, исроилиҳо дар ҳоли қатъи умед аз бақои режими истиъмории Исроиланд.

Чеҳраи ҷинояткоронаи саҳюнистҳо бо шурӯи амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» дар ҳафтуми октябри 2023 беш аз пеш барои мардуми дунё мушаххас шуд, ба гӯнае, ки ин мавзӯ ба шикасти бисёре аз сиёсатҳои ин режими ҷаълӣ дар муқобили фаластиниён доман зад.

Бен Каспит, таҳлилгари машҳури саҳюнист дар ёддоште дар рӯзномаи исроилии «Маариу» бо эътироф ба наздик шудани ба фурӯпошии ин режим навишт: Имрӯз масаълаи аз байн рафтани Исроил муҷаддадан дар дастури кор қарор гирифта ва дигар ин амр аз нигоҳи душманони Исроил масаълае қобил таҳаққуқ аст.

Вай афзуд, рӯз ба рӯз бар шумори исроилиҳое, ки муътақиданд, инҷо дигариҷои муносибе барои тарбияту бузург кардани наслҳои баъдӣ нест, афзӯда мешавад, ин афрод ин рӯзҳо бо садои баланд фикр ва таъкид мекунанд, Исроили феълӣ бо Исроиле, ки падаронашон, онро 76 соли пеш бино ниҳоданд, тафовути зиёде пайдо кардааст.

Навиштаи ин таҳлилгари саҳюнист аз абъоди мухталиф бар ин амр сиҳа мегузорад, ки саҳюнистҳо ва яҳудёни муҳоҷират карда ба Фаластин дарёфтаанд, ки сарзамини Фаластин ба онҳо тааллуқ надорад.

Ба эътирофи ин нависанда ва таҳлилгари саҳюнист, раҳбари Ҳамос дар Ғазза, ба ҷомеъаи Исроил чашм дӯхтааст, ки дар ҳоли фурӯпошӣ аст ва аз лаҳза лаҳзаи он лаззат мебарад, ӯ беш аз ҳар замони дигаре муътақид аст, ки замон ба нафъи ӯ ҳаракат мекунад ва хуб медонад, ки номаш дар таърихи миллаташ то абад ҳак шудааст.

 

Барчасп