Дархостҳо барои ихроҷи Исроил аз бозиҳои олимпии Париж + гузориш
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i115976-Дархостҳо_барои_ихроҷи_Исроил_аз_бозиҳои_олимпии_Париж_гузориш
Чаҳор созмони ҳуқуқи арабӣ ва байналмилалӣ хостори ҷилавгирӣ аз мушорикати режими саҳюнистӣ дар мусобиқоти олимпии тобистонии Париж шуданд, ки қарор аст моҳи ояндаи мелодӣ баргузор шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 13, 2024 11:12 Asia/Dushanbe

Чаҳор созмони ҳуқуқи арабӣ ва байналмилалӣ хостори ҷилавгирӣ аз мушорикати режими саҳюнистӣ дар мусобиқоти олимпии тобистонии Париж шуданд, ки қарор аст моҳи ояндаи мелодӣ баргузор шавад.

 Ба гузориши бахши байналмилалии хабаргузории Садо ва Симо аз Бейрут, намояндагоне аз Созмони ҳуқуқдонони демократии байналмилалӣ, Иттиҳодияи ҳуқуқдонони араб, Шӯрои ҳуқуқи байналмилал ва Иттиҳодияи ҳуқуқдонони Лубнон дар нишасте дар Бейрут мушорикати режими саҳюнистӣ дар мусобиқоти олимпиро поймолсозии ошкори маншури Созмони Милал ва ҳуқуқи башар донистанд.