Июл 13, 2024 16:59 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони рақобатҳои камтар аз 20 соли CAFA шуд

Тими футболи ҷавонони Эрон бо бартарӣ муқобили Қирғизистон, мақоми қаҳрамонии рақобатҳои камтар аз 20 соли CAFA-ро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, финали рақобатҳои камтар аз 20 соли CAFA 2024, рӯзи ҷумъа байни тимҳои футболи Эрону Қирғизистон дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и  шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон баргузор шуд ва дар поён тими Эрон бо 3 гол ба пирӯзӣ расид ва барои сеюмин қаҳрамони ин рақобатҳо шуд.

Тими футболи ҷавонони Эрон дар ҳоле ба қаҳрамонии ин давра аз рақобатҳо расид, ки пеш аз ин муқобили Туркманистон ба пирӯзии се бар сифр ва муқобили Узбекистон ба тасовии як - як расида буд.

Ҳамчунин дар дидори радабандии мусобиқоти CAFA, ки бо доварии Паёми Ҳайдарӣ аз Эрон баргузор шуд, Узбекистон бо 3 гол, Тоҷикистонро шикаст дод ва ба мақоми сеюм даст ёфт.

 

Барчасп