Ҳамлаҳои ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза
(last modified Sun, 14 Jul 2024 08:36:55 GMT )
Июл 14, 2024 13:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Ҳамлаҳои ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза ҳамчунон идома дорад.

 Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ як минтақаи маскуниро дар урдугоҳи Алшобураи шаҳри Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғазза, бо хок яксон карданд.

 Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин маҳаллаҳои "Алдуриҷ" ва "Шайх Ризвон" –и шаҳри Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.

Дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба хонаҳои маскунӣ дар хиёбони "Алҷило"-и шаҳри Ғазза низ камаш 4 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва 3 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Дар ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба маҳаллаи "Алманора" дар ҷанубу шарқи Хон Юнус низ чанд фаластинӣ захмӣ шуданд.

 Тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ ҳам минтақаи Аламғароқа дар шимоли урдугоҳи Алнасирот, минтақаи Алқарора ,ҷанубу шарқи Дайрулбалаҳ, дар маркази Ғаззаро ҳадаф қарор дод.

 Бо идомаи муҳосира ва баста будани гузаргоҳҳо ва таваққуфи ирсоли кумакҳои инсонӣ ба борикаи Ғазза, буҳрони ғизо низ дар ин борика  ба сатҳи бесобиқае расидааст.