Июл 20, 2024 10:30 Asia/Dushanbe

Мардуми Яман дар Саъда бори дигар бо ҳузури густурда ва миллионӣ, ҳимояти худро аз мардуми Фаластин дар Ғазза иброз карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми Яман дар Саъда ҳамонанди ҷумъаҳои гузашта бо ҳузури густурда ва миллионӣ ҳимояти худро аз мардуми Фаластин дар Ғазза ва инзиҷори худро аз ҷиноятҳои бешумор ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар ин борика иброз карданд.

 Роҳпаймоии дирӯзи яманиҳо дар устони Саъда, бо шиори " Собитқадам ҳамроҳ бо Ғазза ба кӯрии чашми ҳама муздурон" баргузор шудааст.

  Яманиҳо аз замони оғози ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар ҳафтуми октябри 2023, борҳо бо барпоии роҳпаймоииҳои густурда дар Санъо ва 14 устони дигари Яман зимни ибрози ҳамбастагии худ бо миллати Фаластин, идомаи кушторҳо дар борикаи Ғаззаро маҳкум карда ва аз амалиётҳои неруҳои мусаллаҳи Яман ва ҷабҳаҳои пуштибони муқовимати Фаластин тақдир карданд.

 

Барчасп