Асноди вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ ба дасти хакерҳо афтод
Июл 24, 2024 10:02 Asia/Dushanbe
Як гуруҳи хакерӣ аз дастёбӣ ба асноди вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ хабар дод.
Ба гузориши ИСНА, гуруҳи хакерии мавсӯм ба « Anonymous for Justice in Palestine» ё “Аноним барои адолат дар Фаластин” рӯзи сешанбе эълом кард, компютерҳои вазорати ҷанги режими саҳюнистиро ҳак кардааст.
Ин гуруҳи хакерӣ афзуд, ки ба асноде, аз ҷумла авроқи ҳувиятӣ, чеҳра ва соири мушаххасоти шахсӣ аз аъзои вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ даст ёфта ва дар Интернет мунташир кардааст.
Барчасп