Июл 25, 2024 18:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Владимир Путин дар бораи вахомати авзоъ дар ғарби Осиё

Раисҷумҳури Русия дар дидор бо ҳамтои сурии худ дар Кремл, дар бораи вахомати авзоъ дар ғарби Осиё ҳушдор дод.

 Ба гузориши ИРНА, Путин дар ин дидор бо Башор Асад, ки шомгоҳи чаҳоршанбе 24 июл ҳамзамон бо солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Сурия ва Русия ба Москва сафар кард, бо ишора ба таҳаввулоти минтақа гуфт: Мутаассифона авзоъ дар ғарби Осиё дар ҳоли вахомати бештар аст; Ин мавзӯъ ба сурати мустақим дар бораи Сурия низ дахл дорад.

 Башор Асад низ бо баёни инки Русия ва Сурия дар тӯли даҳаҳои гузашта озмунҳои бисёр сахтеро пушти сар гузошта ва шоҳиди тағйироти печида будаанд, гуфт: Равобити байни кишварҳои мо сатҳи эътимоди худро ҳифз карда ва ин нишондиҳандаи булуғи мардуми кишварҳои мо аст.

 

Барчасп