СММ эълом кард: 180 ҳазор нафар маҷбӯр ба тарки шаҳри Хон Юнус шуданд
(last modified 2024-07-27T06:09:42+00:00 )
Июл 27, 2024 11:09 Asia/Dushanbe
  • СММ эълом кард: 180 ҳазор нафар маҷбӯр ба тарки шаҳри Хон Юнус шуданд

Ожонси башардӯстонаи СММ эълом кард , беш аз 180 ҳазор фаластинӣ ба далели бомбаборони шаҳри Хон Юнус, ҷануби борикаи Ғазза маҷбӯр ба тарки ин шаҳр шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,ин ожонс тасреҳ кард, садҳо нафари дигар низ дар шарқи Хон Юнус муҳосира шудаанд.

 Артиши режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе дастури тахлияи бахшҳое аз Хон Юнусро содир кард.

 Даргириҳои шадиди ахир дар минтақаи Хон Юнус, бо гузашти беш аз 10 моҳ аз ҷанги режими саҳюнистӣ, ба мавҷи нави оворагии дохилӣ дар саросари Ғазза доман задааст.

 Дар ҳамин ҳол пизишкони довталаби амрикоӣ дар номае ба Ҷо Байден-раисҷумҳури Амрико ҳушдор доданд, дар баробари наслкушӣ ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза сукут нахоҳанд кард.

 Кишварҳои арабӣ ҳам дар Шӯрои Амнияти СММ дар баёнияе эълом карданд, режими саҳюнистӣ аз гуруснагӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ ва аз кумакҳои башардӯстона ба унвони як аҳроми фишор истифода мекунад, ки ин мавзӯъ ранҷ ва мусибатҳои инсонӣ дар борикаи Ғаззаро ташдид кардааст.

 Кишварҳои арабӣ хоҳони эҷоди фишор бар режим саҳюнистӣ барои оташбас дар Ғазза ва додани иҷозаи имдодрасонӣ ба мардуми ин борика шуданд.

 Режими наслкуши Исроил аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ва бархе дигар аз кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарӣ зидди мардуми бедфоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ дар қиболи ҷиноёти режими ишғолгари Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занон ва кӯдакони Фаластин тавассути мошини ҷангии режими номашруъи саҳюнистӣ шудааст.

 Бар асоси омори Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шаҳидони ҷанги зидди Ғазза аз ҳафтум октябри гузашта то кунун ба беш аз 39 ҳазор нафар ва шумори захмиҳо низ ба беш аз 90 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

 Ҳанӯз беш аз 10 ҳазор нафар дар борикаи Ғазза нопадид ва зери овор ҳастанд.

 

Барчасп