Ҳалокати шуморе аз мутаҷовизони Саудӣ дар шимоли Яман
Дар амалиёти артиш ва неруҳои мардумии Яман дар шимоли ин кишвар, шуморе аз мутаҷовизони саудӣ ба ҳалокат расида ва теъдоде низ маҷрӯҳ шуданд.
Ба гузориши шабакаи ал-Олам, артиш ва неруҳои мардумии Яман рӯзи чаҳоршанбе ҳамлаи мутаҷовизони Саудӣ барои пешравӣ ба минтақаи ал-Қувайҳиш дар устони ал-Ҷавф, шимоли Яманро дафъ карданд.
Артиши Яман ҳамчунин манотиқи таҷаммӯи низомёни Саудӣ дар устони Таъиз ва Лаҳиҷро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамлаҳо низ шуморе аз ин низомён ба ҳалокат расиданд.
Дар ин амалиёт, чанд мошини зиреҳии саудиҳо дар ғарби ин минтақа нобуд шуд ва зарари зиёде ба низомёни Саудӣ ворид шуд.
Дар ҷанги Арабистон бо Яман, неруҳои яманӣ ибтикори амалро дар даст гирифтаанд ва пешравиҳои чашмгире доштанд.
Аз сӯи дигар, манобеи яманӣ аз инфиҷори як мошини бомбагузоришуда дар як истигоҳи амниятӣ дар шаҳри Лудар устони Абин дар ҷануби Яман хабар доданд.
Дар пайи ташдиди буҳрони амниятӣ дар Яман, нуфузи ал-Қоида ва террористҳои ДИИШ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.