Духтари шаҳид Ҳания хитоб ба саҳюнистҳо: Хуни падарам оромишро аз шумо мегирад
(last modified 2024-08-01T08:19:21+00:00 )
Август 01, 2024 13:19 Asia/Dushanbe

Нахустин паёми ман ба унвони духтари шаҳид Исмоил Ҳания барои саҳюнистҳои малъун аст, ки тасаввур мекунанд бо террори падарам роҳат мешаванд ва ором мегиранд; На ба Худо савганд, ба Худо савганд хуни падарам ба нафарин ва лаънат табдил хоҳад шуд ва то рӯзи қиёмат домангири онҳо хоҳад буд.

Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира, Хула, яке аз духтарони шаҳид Исмоил Ҳания дар бораи шаҳодати падараш гуфт, ман Хула Исмоил Абдуссалом Ҳания, духтари фармондеҳи бузург ва шаҳид Исмоил Ҳания ҳастам.

Шукри Худо, ки ба мо иззат ва субот бахшид. Сипос барои Худованд, ки ифтихори шаҳодати падари бузургавор, фармондеҳ бахшанда ва муҷоҳид дар роҳи Худоро насиби мо кард. Сипос барои Худованд, ки падари моро аз хайли шуҳадо баргузид. Сипос барои Худованд, ки моро бо шаҳодати ӯ такрим кард ва шарофат бахшид. Худованд аз ӯ розӣ бошад ва ӯро дар ҷаннат ҷой диҳад. Замони он фаро расида буд, ки ин пайкари тоҳир ва покиза ором бигирад. Иншоаллоҳ Худованд ӯро дар фирдавс аъло такрим хоҳад кард. Ба Худо савганд, ки ҳеҷ ҷойгоҳе ҷуз Фирдавси аъло шоистаи падарам нест.

 

Барчасп