Август 02, 2024 21:07 Asia/Dushanbe

Маҳдӣ Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман 3 рӯз мотами умумӣ дар Яман эълон кард ва парчамҳо дар мотами шаҳодати Исмоил Ҳания нимаафрохта шуданд.

Террори шаҳид Исмоил Ҳания, ки дар тӯли чанд даҳсола алайҳи ишғоли режими саҳюнистӣ мубориза бурдааст, дар қалби мардуми Яман як андӯҳи амиқ гузоштааст.

Мардуми Яман барои изҳори таслият дар назди дафтари Ҳамос дар Санъо ҷамъ омаданд. Донишҷӯёни донишгоҳҳои Яман низ дар ҳамоишҳои мухталиф хашми худро аз ин ҷиноят баён карданд. Мавзӯи тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳарфҳои мардум дар хиёбонҳо густохии душмани амрикоӣ - исроилӣ ва зарурати муқовимат бо ҳар роҳ ва лузуми ваҳдати вокунишҳо дар меҳвари муқовимат аст.

 

Барчасп