Боздошти хатиби Масҷид ул-Ақсо тавассути ишғолгарони саҳюнист
(last modified Sat, 03 Aug 2024 07:12:38 GMT )
Август 03, 2024 12:12 Asia/Dushanbe
  • Боздошти хатиби Масҷид ул-Ақсо тавассути ишғолгарони саҳюнист

Режими саҳюнистӣ хатиби Масҷид ул-Ақсоро ба хотири таслияти шаҳид Исмоил Ҳания боздошт кард.

Режими саҳюнистӣ пас аз инки шайх Акрама Сабрӣ, хатиби Масҷиду-л-Ақсо дар хутбаҳои намози ҷумъа шаҳодати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёси Ҳамосро таслият гуфт, бо ҳамла ба манзили вай дар Қудс, ӯро боздошт кард.

Даҳҳо ҳазор фаластинӣ дар Масҷидул-Ақсо воқеъ дар Қудси ишғолӣ алорағми маҳдудиятҳои режими саҳюнистӣ барои Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки дар Теҳрон, пойтахти Эрон террор шуд, намози миятиғиёбӣ иқома карданд.

Низомиёни саҳюнист рӯзи ҷумъа низ ҳамонанди ҷумъаҳои гузашта аз вуруди фаластиниёне, ки мехостанд намозро дар Масҷидулақсо иқома кунанд, мумониъат карданд.

Бо вуҷуди маҳдудиятҳои полиси режими саҳюнистӣ, 30 ҳазор мусулмон намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Шайх Акрама Сабрӣ, хатиби Масҷидулақсо дар хутбаи намози ҷумъа барои Исмоил Ҳания дуо хонд.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизонаш бомдоди рӯзи чаҳоршанбе (31 июл) дар асари исобат қарор гирифтани маҳалли иқомати онон дар Теҳрон ба шаҳодат расиданд.