3 паёми муҳим бо интихоби Яҳё Синвор ба унвони ҷонишини Исмоил Ҳания
(last modified 2024-08-11T09:36:30+00:00 )
Август 11, 2024 14:36 Asia/Dushanbe
  • Интихоби Яҳё Синвор ба ҷои шаҳид Исмоил Ҳания
    Интихоби Яҳё Синвор ба ҷои шаҳид Исмоил Ҳания

Порс-тудей. Интихоби Яҳё Синвор ба унвони раҳбари ҷадиди дафтари сиёсии ҲАМОС, нишондиҳандаи тағйироти стратегии ин ҷунбиш дар шароити ҷангии кунунӣ аст.

Ба гузориши “Порс-тудей”, дар 31 июли соли 2024 террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҲАМОС дар Теҳрон, мавҷе аз суолоту нигарониҳо дар мавриди паёмадҳои эҳтимолии ин ҳодиса бар раванди ҷанг дар Ғазза ва тақобули минтақаии муртабит бо он, раванди музокироту вазъияти дохилии ҷунбиши ҲАМОС ва равобити он бо дунёи хориҷ ба вуҷуд овард. Аммо интихоби Яҳё Синвор, раиси ҲАМОС дар Ғазза, ба унвони ҷонишини Ҳания, намое равшан аз стратегияи ояндаи ин ҷунбиш дар ҷанг ба даст медиҳад.

Ин интихоб шояд барои бисёре тааҷҷуббарангез буд. Зеро интизор мерафт фарде аз ҷиноҳи сиёсии ҷунбиш ин масъулиятро бар уҳда бигирад. Аммо ба таври табиӣ бояд донист, ки ин интихоб натиҷаи террори Ҳания ва масири ҷадиде аст, пас аз танишофаринии ахири Исроил.

Паёмҳое, ки интихоби Синворро ба ҳамроҳ дорад:

 

1 . Иттиҳоду муқовимат дар баробари Исроил

 

Интихоби Синвор на танҳо нишондиҳандаи иттиҳоди дохилӣ дар сатҳи робитаи байни ҷиноҳҳои мухталифи ҷунбиш дар Ғаззаву хориҷ аз он аст, балки паёми равшане аз муқовимат ба ишғолгарони исроилӣ ирсол мекунад. Ин паём ин аст, ки ҷунбиши ҲАМОС ҳамчунон қавӣ аст ва тавоноии тавлиди раҳбарии ҷадид барои муқобила бо чолишҳои марҳалаи ҷадиди ҷанг пас аз террори Ҳанияро дорад. Дар ҳоле ки Исроил муваффақ шуд, Ҳанияро дар хориҷ аз Фаластин террор кунад то азми муқовимат дар Ғаззаро тазъиф кунаду тавоноиҳои низомиву иттилоотии худро ба намоиш бигузорад, акнун бояд бо Синвор мувоҷеҳ шавад. Касе ки на танҳо ба унвони муҳандиси амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” шинохта мешавад, балки акнун ба унвони раҳбари сиёсии ҲАМОС низ ифои нақш мекунад.

 

2 . Таҳқири душман

 

Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил террори Ҳанияро ба унвони намоде аз тавоноии режими Исроил дар террори раҳбарони аршади ҷиноҳи сиёсии ҲАМОС таблиғ кард. Аммо интихоби Синвор ба унвони ҷонишини Ҳания, ба навъе ба маънои таҳқири Натанёҳу ва афзоиши сарафкандагии дохилии ӯ аст, зеро режими Исроил то кунун натавониста Синвор, ки ӯро муқассири аслӣ медонад, террор кунад.

Бад-ин сон, баъд аз ин интихоб, Натанёҳу дар идомаи таблиғи террори Ҳания ва иддаои террори фармондеҳи кулли гурдонҳои Қассом, Муҳаммад Зайф ва муовинаш Марвон Исо, ба унвони муваффақияте дар дастёбӣ ба аҳдофи ҷанг, бо чолише бузург мувоҷеҳ хоҳад шуд.

 

3 . Музокира аз масири фармондеҳи майдон

 

Террори Ҳания, ки ба унвони Неруи муҳаррикаи ҷиноҳи сиёсии ҳамос барои дастёбӣ ба тавофуқе барои поён додан ба ҷанг шинохта мешуд, ба вузӯҳ нишон дод, ки Натанёҳу ба дунболи фирор аз тавофуқ ва тамдиди ҷанг аст. Интихоби Синвор ба унвони ҷонишини Ҳания се рӯйкарди муҳим аз сӯи ҲАМОС дар мавриди музокирот дорад.

Аввал ин ки ҷунбиши дигар ҳозир ба идомаи ин музокирот нест то замоне, ки Натанёҳу ба фиребкории худ дар онҳо идома диҳад.

Дувум ин ки ҳарфи охир дар музокирот тавассути муқовимат дар майдон таъйин мешавад ва сеюм ин ки аз ин пас миёнҷиҳо бояд бо Синвор барои таъйини чорчӯбҳои ҳар гуна тавофуқи эҳтимолӣ дар оянда музокира кунанд.

 

Натиҷагирӣ

 

Интихоби Яҳё Синвор ба унвони раҳбари ҷадиди дафтари сиёсии ҲАМОС нишондиҳандаи тағйироти стратегии ин ҷунбиш дар шароити ҷангии кунунӣ аст. Ин интихоб ҳамчунин паёмҳое равшан аз иттиҳоди дохилӣ, таҳқири душман ва афзоиши қудрати муқовимат дар музокирот ба ҳамроҳ дорад. Ҷунбиши ҲАМОС ҳамчунон ба талош барои поён додан ба кушторҳои режими Исроил дар Ғазза ва дастёбӣ ба тавофуқе, ки дастовардҳои стратегии муқовимат пас аз 7 октябрро ҳифз кунад, идома хоҳад дод.

 

Барчасп