Генерали саҳюнист: Вазъияти артиш фоҷеъаи бори аст низомиёни якдигарро мекушанд
(last modified Tue, 13 Aug 2024 09:12:02 GMT )
Август 13, 2024 14:12 Asia/Dushanbe
  • Генерали саҳюнист: Вазъияти артиш фоҷеъаи бори аст низомиёни якдигарро мекушанд
    Генерали саҳюнист: Вазъияти артиш фоҷеъаи бори аст низомиёни якдигарро мекушанд

Як генерали саҳюнист гуфт: Ҷанги Ғазза вазъияти артишро фоҷеъабор кард ба тавре ки ҳеҷ назму инзиботӣ дар он вуҷӯд надорад ва низомиён якдигарро мекашанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исҳоқ Брик  масъӯли пешини бахши шикояти низомиён дар артиши режими саҳюнистӣ дар изҳоротӣ эълом кард ки артиши ин режим дар вазъияти фоҷеъаборӣ қарор дорад ва ҷанги Ғазза шоҳиди бештарин кушта бо шиллеки гулулаи худи аст .

Вай таъкид кард: низомиёни мо якдигарро мекушанд ҳеҷ қонун ва инзибот ва дастуроти вуҷуд надорад .

Ин генерали бознишастаи артиши режими саҳюнистии афзуд: низомиён ба ҳар тарафе ки мехоҳанд шиллек мекунанд, ҳеҷ гунаи қавоиди даргирӣ вуҷуд надорад, ҳарчи дармавриди ин ҷанг гуфта мешавад  дуруғи маҳз аст .

Ахирани Брик тайи мақолаи дар рӯзнома Меъори чопи Тел-Авив дар бораи гузоришоти дуруғи кабинаи ҳоким аз вазъияти ҷабҳаи ҷанги Ғазза иброз нигаронӣ кард .

Вай дар бораи дуруғҳое ки воҳиди иртиботот ва расонаи артиши режими ишғолгар дар бораи пирузӣ дар ҷанги алайҳи Ғазза ба тудаи саҳюнистҳо мегуяд, гуфта буд: шикофи мавҷӯди байни гузоришҳои артиш ва воқеият майдонӣ дар Ғазза хатарнок ва нигарон кунанда аст .

Ин женероли захираи артиши режими саҳюнистӣ, хабарнигорон ва таҳлилгарони низомии ин режимро вобаста ба артиш эълом карду афзуд: аксари муфассирон ва хабарнигорони ҳавзаи низомӣ ба намояндагӣ аз артиши ишғолгар дар расонаҳои ибрӣ суҳбат мекунанд ва ҳақиқатро ба Исроилиҳо намегуянд.