Август 24, 2024 12:09 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти миллионии яманиҳо дар ҳимоят аз Ғазза

Хабаргузории Саҳоб: Мардуми Яман бо маҳкум кардани ҳимояти Амрико аз режими саҳюнистӣ бори дигар дар тазоҳуроти густурда бо унвони «Ҷиҳод ва субот то пирӯзӣ» дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар бар ҳимояти худ аз фаластиниёни Ғазза таъкид карданд.

 Ба гузориши ИРНА,мардуми Санъо-пойтахти Яман рӯзи ҷумъа бо барафроштани парчамҳои Яман ва Фаластин, сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои ғарбӣ ва ҳамдастӣ ва тавтеаи кишварҳои арабӣ ва мусулмон дар бораи идомаи наслкушии фаластиниҳо тавассути режими саҳюнистӣ ба вежа кӯдакон, занон ва ғайрнизомиён дар Ғазза ва саросари Фаластинро ба шиддат маҳкум карданд.

 Ҳамчунин мардуми Яман дар устонҳои Алҳудайда ва Саъда низ алайҳи ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ ва куштори мардуми бедифоъи Ғазза тазоҳурот карданд.

 Тазоҳуркунандагони яманӣ дар саросари ин кишвар бо эъломи пойдорӣ ва муқовимат дар муқобили нируҳои султагар ва истикбори ҷаҳонӣ таъкид карданд:Давлати Амрико ба далели исрор бар сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, ҷойгоҳи худро аз даст додааст.

 Тазоҳуркунандагон ҳамчунин бар таҳрими комили колоҳои саҳюнистӣ ва тавлидоти ширкатҳои ҳомии ин режим таъкид карданд.

 

Барчасп