Созмони пизишкон бидуни марз: режими саҳюнистии омили аслии густариши фалаҷи атфол дар Ғазза аст
(last modified 2024-09-03T07:05:15+00:00 )
Сентябр 03, 2024 12:05 Asia/Dushanbe
  • Созмони пизишкон бидуни марз: режими саҳюнистии омили аслии густариши фалаҷи атфол дар Ғазза аст
    Созмони пизишкон бидуни марз: режими саҳюнистии омили аслии густариши фалаҷи атфол дар Ғазза аст

Созмони пизишкон бидуни марзи режими наслукаши Исроилро омили аслии густариши бемории фалаҷи атфол дар борикаи Ғазза эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, созмони пизишкон бидуни марз дар баёнияи бо баёни ин ки шароити зиндагии ғайрибеҳдоштӣ ва ваҳшатнок ва ваксинанашудани кудакон дар Ғазза метавонад мунҷар ба густариш беморӣ шавад , таъкид кард , режими саҳюнистӣ омили аслии густариши бемории фалаҷи атфол дар борика Ғазза аст .

Дар баёнияи созмони пизишкон бидуни марз ки дар ҳоли ҳозир дар заминаи анҷоми ваксиносиуни густардаи кудакони фаластинӣ дар борикаи Ғазза кумак мекунад , омада аст , гарчи 640 ҳазор кудаки зери 10 соли фаластинӣ дар минтақаи Ғазза таҳти пушиши ин созмон қарор доранд , аммо ҳамчунон дар посух ба ниёзҳои пизишкӣ ва ҳаётии башардустона дар ин минтақаи тавваҷуҳи бештарӣ лозим аст .

Бархе манобеи хабарӣ аз оғози ваксиносиуни фалаҷи атфол дар борикаи Ғазза хабар додаанд ва қарораст ҳамалоти режими Исроил ба таври муваққат ба сурати минтақаӣ  ба муддати ҳашт соъат дар руз мутаваққиф шавад .

Режими наслукаши Исроил аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаиҷонибаи кишварҳои ғарбӣ , куштори густардаеро дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии зидди мардум бедифо ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтау сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти режими ишғолгари Исроил мӯҷиби тадовуми куштори занону кӯдакони фаластинии тавассути мошини ҷангии режими номашрӯъи саҳюнистӣ шудааст .

Банно бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза аз ибтидои ҷанги Ғазза дар 7 октябри 2023 токунун шумори шуҳадои ин минтақа ба беш аз 40 ҳазор ва теъдоди захмиҳо низ ба беш аз 94 ҳазор нафар расида аст ки 33 дарсади ин шуҳадоро кудакон 8.6 дарсадро солхурдагон ва 18.4 дарсадро занон ташкил медиҳанд.

Барчасп