«Нишонаҳои суқӯт»; Баёнияҳои раҳбарони муқовимат дар бораи террори шаҳрвандони лубнонӣ аз тариқи пейҷерҳо
(last modified 2024-09-19T05:20:20+00:00 )
Сентябр 19, 2024 10:20 Asia/Dushanbe
  • «Нишонаҳои суқӯт»; Баёнияҳои раҳбарони муқовимат дар бораи террори шаҳрвандони лубнонӣ аз тариқи пейҷерҳо

Порс тудей - Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе бо таъкид бар инки ҷинояти режими саҳюнистӣ азми неруҳои муқовимат барои ҷиҳодро дучандон мекунад, хотирнишон кард: Режими ишғолгар, ба хотири ин ҷиноят товони сахте хоҳад дод.

Режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе (17 сентябри 2024) дар иқдоми террористӣ ва эҳтимолан бо ҳамкории ширкати созандаи пейҷерҳо, теъдоде аз дастгоҳҳои дарёфти паём (пейҷер) дар Лубнонро мунфаҷир карду мунҷар ба шаҳодату захмӣ шудани бисёре аз лубнониҳо шуд.

Ба гузориши Порс тудей, тибқи омори эълом шуда аз суи, Фирос Ал-Абаёз, вазири беҳдошти Лубнон дар пайи ин ҷиноят 11 нафар шаҳид шуданд ва ҳамакнӯн беш аз 3 ҳазор маҷрӯҳ дар бемористонҳои Лубнон ҳастанд.

Дар пайи ин ҷиноят Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе бо таъкид бар инки ҷинояти режими саҳюнистӣ азми неруҳои муқовимат барои ҷиҳодро дучандон мекунад, хотирнишон кард: Режими ишғолгар, ба хотири ин ҷиноят, товони сахте хоҳад дод. Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин баёния тасреҳ кард: Ин ҷиноят азми моро барои гом бардоштан дар масири ҷиҳод дучандон хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, ҷунбиши «Амал» ба раёсати Набеҳ Берри, раиси порлумони Лубнон, режими саҳюнистиро таҳдид кард, ки ин ҷиноят, ҳаргиз лубнониҳоро аз идомаи муқовимату дифо аз сарзимини худ дар рӯёрӯӣ бо нақшаҳои режими Исроил боз нахоҳад дошт. Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ҳам дар бораи ҷинояти ҷадиди режими саҳюнистӣ дар Лубнон эълом кард:

Амалиёти террористӣ, дар чорчӯби таҷовузоти ҳамаҷонибаи душмани саҳюнистӣ алайҳи минтақаи таҳти ҳимоятҳои Амрико сӯрат гирифтааст. Ҷунбиши Озодагони Фаластин низ эълом кард: Ин ҷинояти ҳавлнок алайҳи ҳокимияти Лубнон, идомаи зӯргӯӣ ва қулдурмобии Натаняҳу ва кабинаи ифротии он барои фирор ба ҷилав бо ҳимояту интиқоли набард ба ҷабҳаи шимолӣ (бо Лубнон) аст.

Аз сӯи дигар, Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияе ин иқдоми Исроилро маҳкӯм воълом кард: Мутавассил шудани душман ба ин гузина, нишондиҳандаи мизони ноумедӣ ва маҳдӯд будани гузинаҳое аст, ки ин режим пас аз заработе, ки аз ҷабҳаҳои пуштибонӣ аз мардуми Фаластин дарёфт карда, дар ихтиёр дорад.

Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ҳам дар вокуниш ба ин иқдоми террористии густардаи режими саҳюнистӣ дар Лубнон тасреҳ кард: Ҷиноят алайҳи лубнониҳо сабаби афзоиши басиҷи мардуми ҳомии муқовимату хашми онҳо шуда ва бародаронамон дар Ҳизбуллоҳро қудратмандтар хоҳад кард ва мо барои рафтан бо онҳо ба самти охирин марҳала (аз набард бо саҳюнистҳо) дар ниҳояти омодагӣ қарор дорем.

Муқовимати исломии “Нуҷабо”-и Ироқ дар хусӯси инфиҷори пейҷерҳо дар Лубнон дар баёнияе зимни ҳимояти комил аз озодихоҳии миллатҳои арабӣ, бар пуштибонӣ аз Ҳизбуллоҳ дар рӯёрӯӣ бо саҳюнистҳо, амрикоиҳо ва муттаҳидонашон таъкид кард ва афзуд: Ин ҳамалоти террористӣ, асаре ҷуз таҳкими пойдорӣ, сарбаландӣ ва иззати дилермардони муқовимат надорад.

Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи расмии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман низ гуфт: Муқовимати қудратманди Лубнон ҳамчунин тавоноии боздорандагӣ дар баробари Исроилро дошта ва дар муқобили ҳаргуна ташдиди таниши эҳтимолӣ алайҳи Лубнон метавонад, ҳазинаи зиёдеро ба Тел Авив таҳмил кунад.

Ҷамъияти уламои Яман ҳам бо маҳкӯм кардани ин ҷиноят афзуд: Таҷовузи режими саҳюнистӣ иқдоме буздилона барои сарпӯш гузоштан бар шикастҳояш аст.

Дар ҳамин хусӯс Jeanine Hennis – Plasschaert, фиристодаи вижаи Созмони милал дар Лубнон, Бадр Аҳмад Абдулотӣ, вазири умӯри хориҷаи Миср, Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ, вазорати умури хориҷаи Сурия, Ҳошим Шарафиддин, сухангӯи Давлати тағйир ва созандагии Яман ва Айман ас-Сафади, вазири умӯри хориҷа ва муовини нахуствазири Урдун дар паёмҳое иқдоми таҷовузкоронаи режими Исроил алайҳи ғайринизомиён дар Лубнонро ба шиддат маҳкӯм карданд.

 

Барчасп