Интиқод аз нақши Англия дар саркӯби мардуми Баҳрайн
Давлати Англия дар хусуси барномаи чандмиллионфунтии ҳимоят аз низоми қазоӣ ва амниятии Баҳрайн, бо пурсишҳои тозае рӯбарӯ шудааст.
Рӯзномаи “Гордиян”, чопи Англия рӯзи ҷумъа навишт, иттилооте, ки бар асоси “Қонуни озодии иттилоот" ироа шудааст, нишон медиҳад, мақомоти Баҳрайн дар соли 2017 ду миллион фунти дигар аз Англия дарёфт мекунанд, ки ин таъмини буҷетҳо хатари ҳамдастии Лондон дар мавориди нақзи ҳуқуқи башар ё даст доштан дар аз байн бурдани шоҳидҳои ин қонуншиканиро афзоиш медиҳад.
Вазорати умури хориҷаи Англия соли 2016 ду миллиону сад ҳазор фунт барои барномаи "Кӯмак ба ислоҳот" дар бахши амниятии Баҳрайн маблағ ҷудо кард.
Фаъолони ҳуқуқи башар аз иқдомоти саркӯбгаронаи режими Баҳрайн дар қиболи фаъолони тарафдори демократия ба шиддат интиқод мекунанд.
Ҳизби коргари Англия низ эълом кардааст, пардохти ин кӯмакҳо нишонаҳои бештаре аз “низомӣ шудан”-и буҷети тавсеаи Баҳрайн ба шумор меравад.
Созмонҳои ғайридавлатӣ низ ба таври хусусӣ дар бораи набуди шаффофият дар мариди наҳваи ҳазина шудани пулҳо ибрози нигаронӣ кардаанд.
Баҳрайн аз 14-уми феврали соли 2011 шоҳиди инқилоби мардумӣ зидди режими Оли Халифа аст.
Мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолату рафъи табъизу рӯйи кор омадани низоме мунтахаб дар кишварашон ҳастанд.
Режими Оли Халифа барои хомӯш кардани шуълаи эътирозоти мардуми ин кишвар шумори зиёде аз раҳбарони мухолифро боздошт ва бо парвандасозӣ ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум кардааст.