Сайидҳасан Насруллоҳ шаҳид шуд
Бар асари ҳамлаҳои мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи Лубнон Сайидҳасан Насруллоҳ- дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шаҳодат расид.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, бар асари ҳамлаҳои мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи Лубнон Сайидҳасан Насруллоҳ- дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шаҳодат расид.
Ба ҳамин муносибат ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари Инқилоби исломӣ дар бораи қазоёи ахири Лубнон паёми муҳимме содир ва эълом карданд: Мардум Лубнон фаромӯш накардаанд, ки дар рӯзгоре низомиён режими ғосиб то Бейрутро зери чакма(пойфазол) қарор медоданд, ин Ҳизбуллоҳ буд, ки пойи ононро қатъ кард ва Лубнонро азиз ва сарбаланд сохт. Имрӯз ҳам Лубнон ба ҳавлу қувваи Илоҳӣ душмани мутаҷовиз ва хабису русиёҳро пушаймон хоҳад кард.
Матн паёми Раҳбари Инқилоб ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир-Раҳонир-Раҳим
Куштори мардуми бедифоъ дар Лубнон аз сӯе бори дигар хуи дарандагии саги ҳор(девон)и саҳюнистро барои ҳама ошкор кард, ва аз сӯе кӯтаҳназарӣ ва сиёсата аблаҳонаи сарона режим ғосибро ба исбот расонд. Бонд(банда,гуруҳи ҷинояткор)и террори ҳоким бар режими саҳюнист аз ҷанги ҷинояткоронаи яксолаи худ дар Ғазза дарс нагирифтанд ва натавонистанд бифаҳманд, ки куштори дастҷамъии занон ва кӯдакон ва мардуми ғайринизомӣ наметавонад дар сохти мустаҳками созмони Муқовимат асар бигузорад ва онро аз по биандозад. Акнун ҳамон сиёсати ҳамоқатомезро дар Лубнон меозмоянд. Ҷинояткорони саҳюнист бидонанд, ки бисёр кӯчактар аз онанд, ки ба сохти мустаҳками Ҳизбуллоҳи Лубнон садамаи муҳимме ворид кунанд. Ҳамаи нируи муқовамати минтақа дар канори Ҳизбуллоҳ ва пуштибони он аст. Сарнавишти ин минтақаро нируҳои муқовамат ва дар раъси онон Ҳизбуллоҳи сарафроз рақам хоҳад зад.
Мардуми Лубнон фаромӯш накардаанд, ки дар рӯзгоре низомиён режими ғосиб то Бейрутро зер чикма қарор медоданд, ин Ҳизбуллоҳ буд, ки пой ононро қатъ кард ва Лубнонро азизу сарбаланд сохт. Имрӯз ҳам Лубнон ба ҳавлу қувваи Илоҳӣ душмани мутаҷовиз ва хабису русиёҳро пушаймон хоҳад кард. Бар ҳамаи мусулмонон фарз аст, ки бо имконоти худ дар канори мардуми Лубнон ва Ҳизбуллоҳи сарафроз биистанд ва дар рӯёрӯӣ бо режими ғосиб ва золиму хабис онро ёрӣ кунанд.
Вассалому ало ибодуллоҳиc-солиҳин
Сайид Алии Хоманаӣ
7 меҳри 1403