Октябр 05, 2024 13:33 Asia/Dushanbe
  • Мушакборони сарзаминҳои ишғолӣ аз сӯи Ҳизбуллоҳ

Манобеъи хабарӣ аз шиллики 70 мушак аз Лубнон ба шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи саҳюнистии «Едиот Ахарнот» эълом кард, шомгоҳи ҷумъа 70 мушак аз ҷануби Лубнон ба шаҳракҳои саҳюнистинишин дар шимоли Фаластин шиллик шудааст.

 Расонаҳо ҳамчунин аз оташсӯзиҳои густурда дар Ҷавлони ишғолӣ ва атрофи шаҳраки саҳюнистнишини «Кирёт шмуно» хабар медиҳанд.

 Аз субҳи ҷумъа то кунун ожирҳои хатар дар манотиқи густурдае аз шимоли Фаластин ба садо даромадааст.

 Муқовимати исломии Лубнон аз бомдоди ҷумъа то кунун 23 амалиёт алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластин ва манотиқи марзии Лубнон анҷом додааст.

 Артиши режими саҳюнистӣ, ки аз ҳаштуми октябр зарбаҳои сангиниро ба сурати рӯзона аз Ҳизбуллоҳи Лубнон дарёфт кардааст, барои ҷуброни ин шикаст дар иқдомоти кӯр, ғайринизомиён дар ҷануби ин кишварро ҳадаф қарор медиҳад.

 

 

Барчасп