филм / Террори яке аз фармондеҳони Қассом дар урдугоҳи Бадовӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i117360-филм_Террори_яке_аз_фармондеҳони_Қассом_дар_урдугоҳи_Бадовӣ
Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос эълом кард: Режими саҳюнистӣ бо бомбаборони маҳалли истиқомати яке аз фармондеҳони Қассом дар урдугоҳи Бадовӣ ӯро ба шаҳодат расонд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 05, 2024 13:48 Asia/Dushanbe

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос эълом кард: Режими саҳюнистӣ бо бомбаборони маҳалли истиқомати яке аз фармондеҳони Қассом дар урдугоҳи Бадовӣ ӯро ба шаҳодат расонд.

 Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, ҷунбиши Ҳамос эълом кард: Саид Атоуллоҳ Алӣ, яке аз фармондеҳони Қассом ба ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш ба шаҳодат расиданд.

 Шабакаи лубнонии «Алҷадид» низ гузориш дод, ки як паҳподи исроилӣ як манзили баландошёна дар атрофи масҷиди Халилур-Раҳмон дар урдугоҳи Албадовӣ дар Троблусро ҳадаф қарор додааст.