Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли сарзаминҳои ишғолӣ
Октябр 09, 2024 09:53 Asia/Dushanbe
Ҳизбуллоҳи Лубнон аз мушакборони Ҳайфа ва Крайот дар шимоли арозии ишғолии Фаластин хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, муқовимати исломии Лубнон дастикам бо 100 мӯшак, Ҳайфа ва Крайот, шимоли сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор дод.
Бар асоси эъломи расонаҳои режими саҳюнистӣ, як сохтумон дар минтақаи Крайот Ём дар Ҳайфа мустақим ҳадафи ҳамалоти мушакии муқовимати исломии Лубнон қарор гирифт.
Манобеи саҳюнист ҳамчунин аз бархестани дӯди ғализ аз шаҳри Ҳайфа аз мӯшакборони ин шаҳр хабар доданд.
Манобеи пизишкии режими Исроил низ эълом карданд, шумори зиёде аз маҷрӯҳони ҳамлаи мушакии муқовимати Лубнон ба бемористон интиқол ёфтанд.
Барчасп