Шумори хабарнигорони шаҳиди Ғазза ба 177 нафар расид
(last modified 2024-10-15T10:08:21+00:00 )
Октябр 15, 2024 15:08 Asia/Dushanbe
  • Шумори хабарнигорони шаҳиди Ғазза ба 177 нафар расид

Бо шаҳодати як хабарнигори дигар, шумори шуҳадои хабарнигору расона дар борикаи Ғазза ба 177 шаҳид афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии «Садои Хуросон», Анҷумани хабарнигорони Фаластин дар баёнияе эълом кард, ки дар ҳамлаи рӯзи душанбеи низомиёни режими наслкуши Исроил ба урдугоҳи Ҷиболиё, шимоли борикаи Ғазза, Эйман Руйишад, тасвирбардори шабакаи «Алақсо» ба шаҳодат расид.

Бо гузашти 373 рӯз аз ҷанг дар борикаи Ғазза, амалиёти низомии артиши ишғолгари Исроил дар шимоли борикаи Ғазза афзоиш ёфтааст.

Режими Исроил бо ҳимояти Амрико дар як соли гузашта ҷанги вайронгареро зидди сокинони борикаи Ғазза ба роҳ андохта, ки бар асари он афзун бар вайрониҳои азиму қаҳтии маргбор, беш аз ҳазорон фаластинӣ, ки бештари онҳо зану кӯдак ҳастанд, шаҳиду захмӣ шудаанд.

 

Барчасп