Ҳамлаи паҳподии нируҳои мусаллаҳи Яман ба киштии вобаста ба режими саҳюнистӣ
(last modified 2024-10-19T07:33:15+00:00 )
Октябр 19, 2024 12:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии нируҳои мусаллаҳи Яман ба киштии вобаста ба режими саҳюнистӣ

Сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамлаи паҳподӣ ба як киштии озими сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,сартип Яҳё Сареъ шомгоҳи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, нируҳои мусаллаҳи Яман, киштии "Мегалополис"(megalopolis)ро дар баҳри Араб бо чанд паҳподи таҳоҷумӣ ба далели поймолсозии қонуни мамнуъияти тараддуд ба бандарҳои Фаластини ишғолӣ мавриди ҳадаф қарор доданд.

 Ба гуфтаи сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман, муҳосираи баҳрии режими саҳюнистӣ то таваққуфи таҷовуз ва муҳосираи борикаи Ғазза ва Лубнон мутаваққиф нахоҳад шуд.

 Артиши Яман тайи моҳҳои гузашта ва ба думболи оғози амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо дар Ғазза, дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин чанд киштии мутааллиқ ба режими ишғолгари Қудс ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор додааст.

 Артиши Яман уҳдадор шудааст то замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳамлаҳои худ ба борикаи Ғазза ва Лубнонро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолӣ дар баҳри Сурх идома хоҳад ёфт.

 

Барчасп