Заъфи Исроил дар муқобила бо паҳподҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон
(last modified Sat, 26 Oct 2024 06:41:24 GMT )
Октябр 26, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Заъфи Исроил дар муқобила бо паҳподҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон

Як таҳлилгари режими саҳюнистӣ ба заъфи Исроил дар муқобила бо паҳподҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон изъон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амир Бухбут, таҳлилгари низомии пойгоҳи хабарии саҳюнистии «Волло» бо баёни инки артиши режими саҳюнистӣ дар муқобила бо паҳподҳои партоб шуда ба самти сарзаминҳои ишғол шуда тавассути Исроил заъф дорад, ҳаводиси мутааддид, аз ҷумла пинҳон шудани ахири як паҳподи Ҳизбуллоҳ аз радарҳоро гувоҳ ин заъф донист.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз ИРНА, Амир Бухбут дар ҳамин замина гуфт: Тазодҳое дар муқобила бо таҳдидоти ношӣ аз паҳподҳо вуҷӯд дорад, ин тазодҳо имрӯз намоён нашуда, балки аз 7 октябри 2023, барои ҳама равшан шудааст.

Бар асоси эъломи Бухбут, раҳгирӣ ва ҳадаф қарор додани паҳподҳои Ҳизбуллоҳ бисёр печидааст, зеро ин паҳподҳо мавҷи радарии поине дошта ва дар иртифои поин парвоз мекунанд, ки ҳамин масъала қудрати нерӯи ҳавоии Исроил барои ҳадаф қарор додани онҳоро коҳиш медиҳад.

Ин таҳлилгари саҳюнист идома дод, махфӣ мондани як паҳпод аз радарҳо ва ҳаракати он то наздикии манзили нахуствазири Исроил зарбае буд, ки шиддати он аз ҳадаф қарор гирифтани подгони «Гулонӣ» камтар набуд.

Артиши режими саҳюнистӣ аз 23-уми сентябр ҳамалоти густарда ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнонро оғоз карда, ки бо посухи қавии ҳизбуллоҳ Рӯбарӯ шудааст.

Бар асоси гузориши вазорати беҳдошти Лубнон, дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон токунӯн 2 ҳазору 546 лубнонӣ шаҳид ва ҳазорон нафар низ захмӣ шудаанд.

 

Барчасп