Ҳадаф қарор гирифтани киштии муртабит бо режими саҳюнистӣ аз суи Яман
(last modified Wed, 20 Nov 2024 06:16:25 GMT )
Ноябр 20, 2024 11:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор гирифтани киштии муртабит бо режими саҳюнистӣ аз суи Яман

Саҳоб - Сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман аз ҳадаф қарор додани як киштии муртабит бо режими саҳюнистӣ дар Дарёи Сурх хабар дод.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз ИРНА,  Яҳё Сареъ, сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман гуфт, дар ҳимоят аз миллату муқовимати Фаластину Лубнон, неруи дарёии неруҳои мусаллаҳи Яман киштии “Anadolu S”-ро бо чанд мӯшаки боллистик ва дарёии муносиб дар Дарёи Сурх ҳадаф қарор доданд.

Вай афзуд, ин киштӣ ба далели посух надодан ба ихторҳои неруи дарёӣ ва нақзи тасмими мамнуияти вуруд ба банодири Фаластини ишғолӣ аз сӯи ширкати молики он, ҳадаф қарор гирифт.