Шиканҷаи кадри дармони Фаластин қабл аз шаҳодат дар зиндонҳои режими Исроил
Порс-Тудей. Дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар борикаи Ғазза эълом кард, режими ишғолгари Исроил беш аз ҳазор пизишк, парастор ва кадри дармонро дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расонидааст.
Дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар борикаи Ғазза бо эъломи ин ки режими ишғолгар беш аз ҳазор пизишк, парастор ва кадри дармонро дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расондааст, афзуд: Ин режим беш аз 310 неруи кадри дармони Фаластинро боздошт ва дар дохили зиндонҳо шиканҷа кардааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар идома хотирнишон кард, режими ишғолгари Исроил иҷоза намедиҳад таҷҳизоту ҳайатҳои пизишкӣ вориди борикаи Ғазза шаванд.
Омори дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар борикаи Ғазза дар хусуси шаҳодату шиканҷаи кадри дармони Фаластин дар ҳолест, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе дар нишасти кабинаи ин режим бори дигар фаластиниҳои сокини ин борикаро таҳдид кард.
Натанёҳу аз сари истисол бори дигар гуфт, ҳар касе ки аз Ғазза як гаравгонро зинда хориҷ кунад, 5 миллион доллар подош хоҳад гирифт ва сокинони Ғазза бояд байни маргу зиндагӣ якеро интихоб кунанд.
Аз замони оғози ҷанги режими саҳюнистӣ зидди борикаи Ғазза, созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ борҳо аз вазъияти вахими асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ, ба вижа дар иртибот бо зиндони Сади Тяман, ки дар пойгоҳии низомӣ дар Саҳрои Нақб дар ҷануби Фаластини ишғолӣ воқеъ шудааст, ибрози нигаронӣ кардаанд.
* *
Режими Исроил аз 7 октябри соли 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ куштори густардаи ҷадидеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарии рӯди Урдун зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст.
Бар асоси охирин гузоришҳо, дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза то кунун афзун бар 44 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 107 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Сохтори режими Исроил аз соли 1917 бо тарроҳии истеъмори Англия ва аз тариқи муҳоҷират додани яҳудиёни кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниҳо эҷод ва дар соли 1948 мавҷудияти он эълом шуд.
Аз он замон тарҳҳои куштори ҷамъии мухталифе барои наслкушии мардуми Фаластин ва тасоҳуби тамоми сарзамини онҳо анҷом шудааст.
Шуморе кишварҳо бо пешоҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳомиёни ҷиддии инҳилоли режими истеъмории Исроил ва бозгашти яҳудиён ба кишварҳои аслии худашон ҳастанд.