Ба қатли расондани беш аз 600 варзишкор дар Ғазза тавассути Исроил
(last modified Mon, 23 Dec 2024 05:23:06 GMT )
Декабр 23, 2024 10:23 Asia/Dushanbe
  • Ба қатли расондани беш аз 600 варзишкор дар Ғазза тавассути Исроил

Порс тудей - Федератсияи футболи Фаластин эълом кард, аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 токунӯн шашсаду 44 варзишкори фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Федератсияи футболи Фаластин, омори такондиҳандаи шуҳадои варзишкорони фаластинӣ дар Борикаи Ғаззаро баёнгари ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушии мардуми бедифои Фаластин баршумурд.

Ба гузориши Порс тудей, Федератсияи футболи Фаластин бо баёни инки аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ( ҳафтуми октябри 2023) токунӯн шашсаду 44 варзишкори фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд, таъкид кард, ҷиноёти режими саҳюнистӣ на фақат нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ, балки талоше ошкор барои нобуд кардани рӯҳияи муқовимату зиндагии мардуми Фаластин башумор меравад.

Федератсияи футболи Фаластин дар баёнияе, ҷаҳониёну созмонҳои байналмилалиро ба талош барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз варзишкорони фаластинӣ, ки намоди умеду пойдорӣ ҳастанд, фарохонд.

Пештар дафтари расонаии Ташкилоти худгардони Фаластин дар баёнияе бо таъкид бар инки ҳадаф қарордодани хабарнигорон, пизишкон, варзишкорону чеҳраҳои саршиноси сиёсии Фаластин иқдоме ваҳшиёна ва ҷинояти барномарезӣ шуда аз сӯи ишғолгарони исроилӣ аст, тасреҳ кард, масъулияти комили ин ҷиноёт бар ӯҳдаи режими ишғолгари Исроил, давлати Амрико ва кишварҳои ҳомии он монанди Британия, Олмону Фаронса аст.

Режими Исроил аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаи ҷадидеро дар Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарии руди Урдун зидди мардуми бедифо ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохтааст.

Бар асоси охирин гузоришҳо дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза токунӯн афзӯн бар 45 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 107 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Шокилаи режими Исроил аз соли 1917 бо тарроҳии истеъмори Англия ва аз тариқи муҳоҷират додани яҳудёни кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниҳо эҷод ва дар соли 1948 мавҷӯдияти он эълом шуд.