Кадом тасвир воқеӣ аст?
Порс тудей. Як корбари шабакаи иҷтимоии “Х” ба муқоиса миёни филми "Пианист" ва саҳнаи эътирози раиси бемористони Камол Ал Адвони Ғазза пардохт.
Илёс, корбари шабакаи иҷтимоии “Х” бо дарҷи тасовире аз филми ҳолливудии "Пианист" ва доктор Ҳисом Абӯ Сафия, раиси бемористон Камол Адвон дар Ғазза дар ин шабакаи иҷтимоӣ навишт: “Яке филм ва яке воқеӣ”.
Муқоиса миёни филми машҳури "Пианист" ва саҳнаи эътирози раиси бемористони Камол Ал Адвон
Ба гузориши Порс тудей, филми "Пианист" дар соли 2002 тавассути Роман Полански, сохта шуда ва ривояте мазлӯмнамоёна аз зиндагии яҳудиён дар даврони Ҷанги ҷаҳонии дувум аст. Аз суи дигар тасовири ҳузури эътирозии доктор Ҳисом Абу Сафия муқобили танкҳои артиши режими мутаҷовизи саҳюнистӣ дар шимоли Борикаи Ғазза, тасвире воқеӣ аз мазлӯмияти миллати Фаластину ҷиноёти режими Исроил аст.
Яке аз мақомҳои артиши режими Исроил дар гуфтугӯ бо шабакаи амрикоии “ABC” изъон кардааст, ки Ҳисом Абу Сафия ба асорати режими саҳюнистӣ даромадааст. Ин дар ҳоле аст, ки Созмони Милали Муттаҳид хостори озодии ӯ ва таваққуфи ҳадаф қарор додани таъсисоти пизишкӣ дар Ғазза шудааст.
Режими Исроил аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаи ҷадидеро дар Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарии руди Урдун зидди мардум бедифо ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохтааст.
Бар асоси охирин гузоришҳо дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза токунӯн афзӯн бар 45 ҳазор фаластинӣ, шаҳид ва беш аз 108 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Шокилаи режими Исроил аз соли 1917 бо тарроҳии истеъмори Англия ва аз тариқи муҳоҷират додани яҳудиён кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниҳо эҷод ва дар соли 1948 мавҷӯдияти он эълом шуд.