Зарбаи амниятии яманиҳо; боздошти ҷосусони созмони иттилоотии Англия ва Арабистон
(last modified Wed, 08 Jan 2025 09:13:59 GMT )
Январ 08, 2025 14:13 Asia/Dushanbe
  • Зарбаи амниятии яманиҳо; боздошти ҷосусони созмони иттилоотии Англия ва Арабистон

Порс тудей - Сервиси амниятии Яман видеои амалиёти боздошти ҷосусони созмони иттилоотии Англия ва Арабистони Саудӣ ва эътирофоти онҳоро мунташир кард.

Теъдоде аз ҷосусони боздошт шуда тайи амалиёти амниятӣ дар шаҳри Санъои Яман эътироф карданд, ки гузоришҳое дар заминаҳои мухталифи амниятӣ, расонаӣ ва омӯзишӣ таҳия ва ба сартимҳои худ дар Арабистони Саудӣ таҳвил медодаанд.

Ба гузориши Порс тудей, дастгоҳи амниятии Яман дар баёнияе бо ишора ба эътирофоти ҷосусони англисӣ ва саудии боздоштӣ дар Яман аз ноком мондани талоши таҷовузкоронаи дастгоҳҳои иттилоотии бегона хабар дод ва таъкид кард, тамоми касоне, ки дар ҷосӯсӣ бо душман ҳамкорӣ кардаанд худро таслими дастгоҳи адолат кунанд.

Дастгоҳи амниятии Яман бо таъкид бар инки ҷосусони боздошт шуда дар марҳалаи ҷазб тавассути афсарони англисӣ ва саудӣ дар Риёз, пойтахти Арабистон озмӯнҳои арзишёбӣ ва фанниро гузаронаданд ва пас аз интихоб, давраҳои омӯзишии кантролу мавқеъиятёбӣ ва ҷамъоварии иттилоотро бо ҳадафи бадаст овардани маҳоратҳои ҷосӯсӣ гузаронаданд, тасреҳ кард, ҷосусон дар заминаи истифода аз барномаҳо ва дастгоҳҳо ва фанновариҳои ҷосӯсӣ барои иҷрои маъмуриятҳо ва фаъолиятҳои иттилоотӣ, ки пас аз бозгашт ба хоки Ҷумҳурии Яман маъмур ба он мешуданд, омӯзиш дида буданд.

Дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман низ бо судӯри баёнияе ба кишварҳое, ки дар истихдоми ҷосус мушорикат доштаанд, дар бораи осеб расондан ба манофеи мардуми Яман ҳушдор дод.