Таҳлилгари саҳюнист: Мақомоти Тел-Авив дурӯғ мегӯянд; ҳама исроилиҳо низомӣ ҳастанд
Порс тудей-Яке аз таҳлилгарони саҳюнист бо баёни инки дар ҳар хонае дар сарзаминҳои ишғолӣ як низомии саҳюнист вуҷуд дорад, гуфт: Ҳама "исроилиҳо" дар воқеъ низомиёни артиши режими саҳюнистӣ ҳастанд.
Би Михаил-таҳлилгари саҳюнист дар мақолае дар рӯзномаи саҳюнистии «Гааретс» бо иқрор ба инки ҳама саҳюнистҳо дар воқеъ низомиёни артиши режими саҳюнистӣ ҳастанд, навишт: Ба сахтӣ дар дунё метавон давлате пайдо кард, ки ҳама афроди он низомӣ бошанд. Ҳар исроилӣ дар ҷанг ва ғорат ва шарорат мушорикат дорад.
Ба гузориши Порстудей, ин таҳлилгари саҳюнист афзуд: Дар Исроил (Фаластини ишғоли) авзоъ комилан мутафовит аст ва дар ҳар хонае ҳадди ақал як низомӣ вуҷуд дорад, ки ҳамвора мунтазири фармон аст.
Би Михаил дар идома бо ишора ба дурӯғпардозии мақомоти саҳюнист, навишт: Расонаҳо субҳу шаб ин гуна ривоят мекунанд, ки ҳама фаластиниён дар ҷанг дахил ҳастанд. Ҳадаф аз ин найранг асосноккунии куштор ва қатли пайвастаи фаластиниён аст ва қариб ба 50 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шудаанд, ки бештари онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Илова бар он ҳама зерсохтҳои беҳдоштӣ ва марказҳои динӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва хадамоти иҷтимоӣ дар Ғазза аз байн рафтааст.
Ин таҳлилгари саҳюнист изъон кард: Ҳамакнун вайронгарии ҳадафманде дар ҳоли анҷом аст ва бо нобудии зерсохтҳо, ҳадаф эҳдоси шаҳракҳое барои исроилиҳо дар Ғазза аст.
Би Михаил афзуд: Инки гуфта мешавад ҳама сокинони Ғазза бояд ҳадаф қарор гиранд, шанеъ ва мунофиқона аст ва инки мо фаластиниёнро террорист тавсиф кунем, қобили асоснок кардан нест.
Ин таҳлилгари саҳюнист дар поён гуфт: Мо ҳазорон нафар аз онҳоро куштем ва зерсохтҳои ҳаётии онҳоро нобуд кардем, аммо ҳамчунон то абад дар ваҳшат ба сар хоҳем бурд.
Ҷиноёти режими Исроил дар борикаи Ғазза дар ҳоле дар шонздаҳумин моҳи пайдарпай идома дорад, ки Девони байналмилалии кайфарӣ дастури боздошти Бинёмин Натанёҳу ва Юоу Голонт-нахуствазири кунунӣ ва вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистиро ба иттиҳоми даст задан дар ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва истифода аз гуруснагӣ (гуруснагӣ додан ба мардуми Ѓазза) ба унвони як силоҳ содир кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати беҳдошти Фаластин, рӯзи (панҷшанбе) шумори шуҳадои Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023-ро беш аз 46 ҳазор нафар эълом кард.