Нобудии 80 дарсад таъсисоти Ғазза бар асари ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ
(last modified Wed, 05 Feb 2025 10:46:21 GMT )
Феврал 05, 2025 15:46 Asia/Dushanbe
  • Нобудии 80 дарсад таъсисоти Ғазза бар асари ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ

Шаҳрдори Ғазза бо ишора ба инки ба думболи бозгашти оворагон аз манотиқи ҷанубӣ ба шимоли борикаи Ғазза, ин минтақа бо шароити инсонии ногуворе рубару аст ,таъкид кард: 80 дарсад аз таъсисоти шаҳри Ғазза нобуд шуда ва бозсозии он, ниёзманди бардоштани маҳдудиятҳост.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Яҳё ал-Сироҷ- шаҳрдори Ғазза рӯзи душанбе дар ин бора гуфт: Шиддат ва густурдагии вайрониҳо, камбуди шадиди об, сӯхт, сарпаноҳ ва набуди конекс ё чодар ва афзоиши мушкилоти беҳдоштӣ ва муҳити зист маъмурияти бозсозии Ғаззаро ба як чолиши бузург табдил кардааст.

 Шаҳрдори Ғазза бо ишора ба инки бозсозии Ғазза ба омилҳое монанди таъмини будҷа ва имконот, масолеҳи сохтмонӣ ва ҳамчунин боз мондани бидуни қайду шарти гузаргоҳҳо бастагӣ дорад, афзуд: Ин дар ҳолест бисёре аз мардуми Ғазза амалиёти бозсозии манзилҳояшонро бо истифода аз имконоти дар дастрас оғоз кардаанд; ҳатто агар ин кор дар ҳадди пок кардани як утоқ дар сохтмони вайроншуда бошад.

Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри 2023 ҷанги вайронгареро зидди сокинони борикаи Ғазза ба роҳ андохт, ки бар асари он, афзӯн бар вайрониҳои азим ва қаҳтии маргбор шумори шаҳидон то кунун ба 47 ҳазору 518 нафар ва теъдоди захмиҳо низ ба 111 ҳазору 612 нафар расида ва ин омор ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.

 Аз суи дигар Созмони пизишкони бидуни марз имрӯз эълом кард: Дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ҷинин дар шимоли каронаи бохтарии рӯди Урдун , 23 сохтмон тхриб шудааст.

 Созмони пизишкони бидуни марз тасреҳ кард: Хушунат дар Ҷинин, Тӯлкарм ва Тубос аз замони иҷрои тавофуқи оташбас дар Ғазза шиддат пайдо кардааст ва муҳосираи вобаста ба амалиётҳои мудовими Исроил дар Ҷинин боиси камбуди кумакҳои ҳаётӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки низомиёни ишғолгари исроилӣ имрӯз ва барои чаҳордаҳумин рӯзи пайдарпай ба ҳамлаҳои худ ба шаҳр ва урдугоҳи Ҷинин идома доданд.

 Аз замони шурӯъи ҳамлаи режими саҳюнистӣ дар моҳи гузашта ба Ҷинин то кунун камаш 26 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

 Ҳамчунин нируҳои ишғолгар ба ҳамлаҳои худ ба Тӯлкарм ва урдугоҳи он барои ҳаштумин рӯзи пайдарпай идома доданд.