Охарин хабарҳо аз оташсӯзии ҷаҳанамӣ дар сарзаминҳо ишғолӣ؛ Қаторҳо замингир шуданд
-
Охарин хабарҳо аз оташсӯзии ҷаҳанамӣ дар сарзаминҳо ишғолӣ؛ Қаторҳо замингир шуданд
Порс тудей- Мақомоти режими саҳюнситӣ дар пайи вуқӯъи оташсӯзии густарда дар Ғарби шаҳри Қудси ишғолӣ. вазъро фавқулода эълом карданд
Дарт пайи оташсӯзии шаддид ва идомадор дар манотиқи автрофи Қудси ишғолӣ, мақомоти саҳюнистӣ маҷбур ба тахлияи беш аз 10 ҳазор нафар аз сокинон ва тахлияи комили 9 шаҳрак шуданд. Ба гузориши Порс тудей, токунун 23 чаҳюнист бар асари ин оташсӯзӣ маҷрӯҳ шуданд. Саҳюнистҳо ба иллати шиддати гармо ва вазиши бодҳои шадид бо мушкилоти ҷидди дар маҳори оташ мувоҷҷеҳ ҳастанд.
Бар асоси эъломи манобеъи саҳюнистӣ, оташсӯзӣ лаҳза ба лаҳза густардадатар мешавад ва режими саҳюнистӣ тавони маҳори онро надорад.
Канали 12 телевизилони саҳюнистӣ гузориш дод: Оташсӯзӣ ба тонкҳои артиш наздик шудааст.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз тавақуфи ҳаракати қаторҳо ба илати наздик шудани оташсӯзӣ ба шабакаи Роҳи оҳан дар ин минтақа хабар доданд.
Режими Исроили зимни эъломи болотарин сатҳи вазъияти изтирорӣ , дастури басиҷи умумӣ барои ҳамаи тимҳои оташнишонӣ дар саросари сарзаминҳои ишғолиро содир кардааст .
Бархе расонаҳои саҳюнистӣ ба нақл аз манобе дар Шобок ( Созмони амнияти дохилии режими саҳюнистӣ ) эълом карданд : Оташсӯзӣ дар Қудс омидона бӯда ва токунӯн 3 нафар ба иттиҳоми дасти доштан дар ин ҳариқ , боздошт шудаанд .
Дар соъоти гузашта , « Гидеон Саар » , вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ , ба унвони бахше аз талошҳо барои дарёфти кумакҳои фаврӣ ҷиҳати муқобила бо оташсӯзӣ , бо вузарои хориҷаи чандин кишвар аз ҷумла Англис , Фаронса , Ҷумҳурии Чехия , Шветсия , Аргентина , Испания , Мақдӯнияи шимолӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон тамосҳои телефонӣ барқарор кардааст .
Канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ аммо бо пахши тасовири ҷадидӣ аз оташсӯзӣ , гузориш дод : Авзоъи ногувораст . Ҳавопаймои итфои ҳариқ аз сӯии дигарон ирсол нашудаасту кор ба кундӣ пеш меравад . Соъоти оянда ба иллати шиддати вазиши бод бисёр хатарнок асту ваманотиқи наздик ба оташисӯзӣ тахлия мешаванд .
Ҳамзамон , «Israel Katz » вазири ҷанги Исроил ба артиши ин режим дастур дод то нерӯҳоеро барои кумак ба маҳори оташсӯзӣ мустақар кунад .
Катз дар баёнияе эълом кард : Мо дар як вазъият изтирорӣ ҳастем ва бояд тамоми нерӯҳои мумкинро барои маҳори оташсӯзӣ басиҷ кунем.