Юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ. Натанёҳу: Дар паноҳгоҳ хоҳем монд
-
Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ
Порс-Тудей. Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз ваҳшати саҳюнистҳо аз ҳамалоти интиқомҷӯёнаи сахти Эрон хабар доданд.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки ҳавопаймои Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аз фурудгоҳи Бен-Гурион баланд шуд.
Ин расонаҳо эълом карданд, ки нерӯгоҳи ҳастаии Димуно ва вазорати ҷанг дар Тел-Авив болотарин сатҳи хатари ҳадаф қарор гирифта шуданро доранд.
Дар ҳамин иртибот, расонаҳои режими саҳюнистӣ аз баста будани ҳарими ҳавоии ин режим ва фалаҷ шудани фурудгоҳҳои ин режим хабар доданд. Канали 13 режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҳарими ҳавоии ин режим аз замони ҳамла ба Эрон баста аст.
Аз сӯи дигар, манобеи ибрӣ эълом карданд, ки вазирони кабинаи режими саҳюнистӣ дар зерзамин махфӣ шудаанд.
Расонаи саҳюнистии Кан низ гузориш дод, ки арозии ишғолӣ дар ҳоли омодабош аст ва саҳюнистҳо ба паноҳгоҳ рафтаву марокизи омӯзишӣ ва идорот таътил шудаанд.
Дар пайи интишори гузоришҳое дар бораи посухи сахти Эрон ба таҷовузи режими саҳюнистӣ, манобеи исроилӣ хабар доданд, шаҳракнишинон ба фурӯшгоҳҳо ҳуҷум бардаанд ва дар ҳоли хариди маводи аввалия ҳастанд.
Натанёҳу муддаӣ шуд: Мо як ҳамлаи аввалияи бисёр муваффақ анҷом додем ва ҳеҷ ҷанге бидуни ҳазина нест. Ман хостори риояти комили дастуруламалҳо ҳастаму эҳтимолан мо барои муддати тӯлонитаре аз ончӣ ба он одат дорем, дар паноҳгоҳҳо хоҳем монд.