Оё режими Исроил дар ҳоли фурӯпошӣ аз дарун аст ?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121496
Порс тудей - Аз замони оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва ба вижи пас аз ҳамалоти 7 октябри 2023 , раванди муҳоҷират аз арозии ишғолӣ ба хориҷ ба таври қобили таваҷҷӯҳӣ афзоиш ёфтааст .
(last modified 2025-08-16T02:24:18+00:00 )
Август 13, 2025 13:36 Asia/Dushanbe
  • Оё режими Исроил дар ҳоли фурӯпошӣ аз дарун аст ?
    Оё режими Исроил дар ҳоли фурӯпошӣ аз дарун аст ?

Порс тудей - Аз замони оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва ба вижи пас аз ҳамалоти 7 октябри 2023 , раванди муҳоҷират аз арозии ишғолӣ ба хориҷ ба таври қобили таваҷҷӯҳӣ афзоиш ёфтааст .

Хабаргузории Форс ба тозагӣ дар матлабе навишт : Аз замони оғози ҷанг дар Ғазза ва ба вижа пас аз ҳамалоти 7 октябри 2023 , раванди муҳоҷират аз арозии ишғолӣ ба хориҷ ки бештари шомили афроди таҳсил карда ва мутахассисони ҳавзаҳои фанноварӣ , пизишкӣ ва соири бахшҳои ҳаётӣ аст , ба таври қобили таваҷҷӯҳӣ афзоиш ёфтааст . Ба гузориши Порс тудей , беш аз 82 ҳазор нухба ва мутахассиси саҳюнистӣ  тайи як сол , арозии ишғолиро тарк карданд .

Муҳоҷирон аз арозии ишғолӣ умдатани ҷавонони 25 то 44 сола ва аз миёни гурӯҳҳои илмӣ , фанноварӣ ва ҳирфаӣ ҳастанд ки ба далоили мутаъаддиди сиёсӣ , иқтисодӣ ва иҷтимои тасмим ба тарки арозии ишғолӣ гирифтаанд .

Проффессор Орун Чихонуфр , барандаи ҷоизаи Нобел ва аз донишмандони саҳюнист , бо ҳушдор дарбораи ин мавҷи муҳоҷират мегӯяд : « Агар танҳо 30 ҳазор нафар аз ин нухбагони калидии Исроилро тарк кунанд , Исроил амалан ояндаӣ нахоҳад дошт . »

Ӯ далели аслии ин вазъиятро сиёсатҳои давлати ростгарои Нитонёҳу ва тазъифи ниҳодҳои демократик медонад ки боис шуда бахшҳои пешрави ҷомеъа эҳсоси ноамнӣ ва бепаноҳӣ кунанд .

Ҳамзамон бо муҳоҷирати нухбагон , ҷараёни хурӯҷи сармояҳо аз арозии ишғолӣ низ бо суръати нигаронкунандае афзоиш ёфтааст . Тибқи гузоришҳо , Исроилиҳо дар нимаи аввали соли 2024 беш аз 7 миллиард доллар сармоя ба хориҷ мунтақил кардаанд ки ду баробари мизони се сол гузаштааст .

Масъӯлони режими саҳюнистӣ ин вазъиятро ношӣ аз ҷанг дар Ғазза , ислоҳоти қазоӣ ва ихроҷи мудирони аршад медонанд ки эътимод ба суботи иқтисодӣ ва сиёсии Исроилро ба шиддат коҳиш додааст . Бисёре аз сарватмандону сармоягузорон тарҷеҳ медиҳанд дороиҳои худро ба хориҷ мунтақил ва дар онҷо сармоягузорӣ кунанд .